Surah Сураи Такосур (Афзунхоҳӣ) - At-Takāthur

Tajik Тоҷикӣ Translation8 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Такосур (Афзунхоҳӣ) - At-Takāthur.
أَلۡهَىٰكُمُ ٱلتَّكَاثُرُ ﴿١﴾
Зиёдахоҳӣ шуморо ба худ машғул [ва аз ёди Парвардигор ғофил] сохт (1)
Tafseer:
حَتَّىٰ زُرۡتُمُ ٱلۡمَقَابِرَ ﴿٢﴾
То [поёни] коратон ба гуристон расид (2)
Tafseer:
كَلَّا سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ ﴿٣﴾
Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ба зудӣ хоҳед донист (3)
Tafseer:
ثُمَّ كَلَّا سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ ﴿٤﴾
Боз [ҳам] чунин нест; ба зудӣ хоҳед донист (4)
Tafseer:
كَلَّا لَوۡ تَعۡلَمُونَ عِلۡمَ ٱلۡیَقِینِ ﴿٥﴾
Чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; агар ба дониши яқинӣ [ва тардиднопазир ҳақиқати қиёматро] медонистед, [аз зиёдахоҳӣ ва ифтихор ба амволу фарзандонатон даст бармедоштед] (5)
Tafseer:
لَتَرَوُنَّ ٱلۡجَحِیمَ ﴿٦﴾
Савганд, ки дузахро хоҳед дид (6)
Tafseer:
ثُمَّ لَتَرَوُنَّهَا عَیۡنَ ٱلۡیَقِینِ ﴿٧﴾
Боз ҳам савганд, ки онро бо чашми яқин хоҳед дид (7)
Tafseer:
ثُمَّ لَتُسۡـَٔلُنَّ یَوۡمَىِٕذٍ عَنِ ٱلنَّعِیمِ ﴿٨﴾
Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд (8)
Tafseer: