Surah Сураи Раҳмон (Бахшоянда) - Ar-Rahmān

Tajik Тоҷикӣ Translation78 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Раҳмон (Бахшоянда) - Ar-Rahmān.
ٱلرَّحۡمَـٰنُ ﴿١﴾
[Аллоҳи] Раҳмон (1)
Tafseer:
عَلَّمَ ٱلۡقُرۡءَانَ ﴿٢﴾
Қуръонро омӯзиш дод (2)
Tafseer:
خَلَقَ ٱلۡإِنسَـٰنَ ﴿٣﴾
Инсонро офарид (3)
Tafseer:
عَلَّمَهُ ٱلۡبَیَانَ ﴿٤﴾
[Ва] Ба ӯ сухан гуфтан омӯхт (4)
Tafseer:
ٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ بِحُسۡبَانࣲ ﴿٥﴾
Хуршеду моҳ бо ҳисобе муназзам [-у дақиқ] дар гардишанд (5)
Tafseer:
وَٱلنَّجۡمُ وَٱلشَّجَرُ یَسۡجُدَانِ ﴿٦﴾
Ва ситора ва дарахт [барояш] саҷда мекунанд (6)
Tafseer:
وَٱلسَّمَاۤءَ رَفَعَهَا وَوَضَعَ ٱلۡمِیزَانَ ﴿٧﴾
Ӯ осмонро барафрошт ва мизони [адолатро дар замин] барқарор намуд (7)
Tafseer:
أَلَّا تَطۡغَوۡاْ فِی ٱلۡمِیزَانِ ﴿٨﴾
[Эй мардум, чунин кард] То дар вазну паймона [ба якдигар] ситам накунед; (8)
Tafseer:
وَأَقِیمُواْ ٱلۡوَزۡنَ بِٱلۡقِسۡطِ وَلَا تُخۡسِرُواْ ٱلۡمِیزَانَ ﴿٩﴾
Ва санҷиш [-и ҳуқуқи дигарон]-ро ба адолат баровард кунед ва дар санҷиш зиён нарасонед [ва камфурӯшӣ накунед] (9)
Tafseer:
وَٱلۡأَرۡضَ وَضَعَهَا لِلۡأَنَامِ ﴿١٠﴾
Ӯ заминро барои [зиндагии] инсонҳо муқаррар дошт (10)
Tafseer:
فِیهَا فَـٰكِهَةࣱ وَٱلنَّخۡلُ ذَاتُ ٱلۡأَكۡمَامِ ﴿١١﴾
Ки дар он [анвои] меваҳо ва нахлҳои хушадор аст (11)
Tafseer:
وَٱلۡحَبُّ ذُو ٱلۡعَصۡفِ وَٱلرَّیۡحَانُ ﴿١٢﴾
Ва [ҳамчунин] ҳубуботи баргдор ва гиёҳони хушбӯ (12)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿١٣﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (13)
Tafseer:
خَلَقَ ٱلۡإِنسَـٰنَ مِن صَلۡصَـٰلࣲ كَٱلۡفَخَّارِ ﴿١٤﴾
Ӯ инсонро аз гиле ҳамчун сафол офарид (14)
Tafseer:
وَخَلَقَ ٱلۡجَاۤنَّ مِن مَّارِجࣲ مِّن نَّارࣲ ﴿١٥﴾
Ва ҷинро аз шуълае аз оташ халқ кард (15)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿١٦﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (16)
Tafseer:
رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقَیۡنِ وَرَبُّ ٱلۡمَغۡرِبَیۡنِ ﴿١٧﴾
Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳост (17)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿١٨﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (18)
Tafseer:
مَرَجَ ٱلۡبَحۡرَیۡنِ یَلۡتَقِیَانِ ﴿١٩﴾
Ӯ ду дарё [-е шӯру ширин]-ро равон кард, то [ба якдигар] бирасанд (19)
Tafseer:
بَیۡنَهُمَا بَرۡزَخࣱ لَّا یَبۡغِیَانِ ﴿٢٠﴾
[Дар айни ҳол] Миёнашон монеъе аст, ки бо ҳам намеомезанд (20)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٢١﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (21)
Tafseer:
یَخۡرُجُ مِنۡهُمَا ٱللُّؤۡلُؤُ وَٱلۡمَرۡجَانُ ﴿٢٢﴾
Аз он ду [дарё] марвориду марҷон ба даст меояд (22)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٢٣﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (23)
Tafseer:
وَلَهُ ٱلۡجَوَارِ ٱلۡمُنشَـَٔاتُ فِی ٱلۡبَحۡرِ كَٱلۡأَعۡلَـٰمِ ﴿٢٤﴾
Киштиҳои кӯҳпайкари бодбонбарафрошта дар дарё барои Ӯст (24)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٢٥﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (25)
Tafseer:
كُلُّ مَنۡ عَلَیۡهَا فَانࣲ ﴿٢٦﴾
Ҳар чӣ рӯи замин аст, фанопазир аст (26)
Tafseer:
وَیَبۡقَىٰ وَجۡهُ رَبِّكَ ذُو ٱلۡجَلَـٰلِ وَٱلۡإِكۡرَامِ ﴿٢٧﴾
Ва [танҳо зоти ҷовиду] рӯйи Парвардигори бошукӯҳу арҷмандат боқӣ хоҳад монд (27)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٢٨﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (28)
Tafseer:
یَسۡـَٔلُهُۥ مَن فِی ٱلسَّمَـٰوَ ٰ⁠تِ وَٱلۡأَرۡضِۚ كُلَّ یَوۡمٍ هُوَ فِی شَأۡنࣲ ﴿٢٩﴾
[Тамоми] Касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд аз Ӯ дархости ниёз мекунанд ва Ӯ ҳар рӯз [ва ҳар лаҳза] дар коре аст (29)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٣٠﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (30)
Tafseer:
سَنَفۡرُغُ لَكُمۡ أَیُّهَ ٱلثَّقَلَانِ ﴿٣١﴾
Эй гурӯҳи ҷинну инс, ба зудӣ ба ҳисоби шумо мепардозем (31)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٣٢﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (32)
Tafseer:
یَـٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ إِنِ ٱسۡتَطَعۡتُمۡ أَن تَنفُذُواْ مِنۡ أَقۡطَارِ ٱلسَّمَـٰوَ ٰ⁠تِ وَٱلۡأَرۡضِ فَٱنفُذُواْۚ لَا تَنفُذُونَ إِلَّا بِسُلۡطَـٰنࣲ ﴿٣٣﴾
Эй гурӯҳи ҷинну инс, агар метавонед аз каронаҳои осмону замин гузар кунед, [то аз муҷозоти илоҳӣ бираҳед] пас, гузар кунед; қодир [ба ин кор] нахоҳед буд, магар бо қудрати [фаровоне, ки шумо онро надоред] (33)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٣٤﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (34)
Tafseer:
یُرۡسَلُ عَلَیۡكُمَا شُوَاظࣱ مِّن نَّارࣲ وَنُحَاسࣱ فَلَا تَنتَصِرَانِ ﴿٣٥﴾
Шарорае аз оташ ва зарроти оташе бар шумо борида мешавад, ки [дар баробари он] қодир ба дифоъ нестед (35)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٣٦﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (36)
Tafseer:
فَإِذَا ٱنشَقَّتِ ٱلسَّمَاۤءُ فَكَانَتۡ وَرۡدَةࣰ كَٱلدِّهَانِ ﴿٣٧﴾
Он гоҳ ки осмон бишкофад ва ҳамчун равғани гудохта сурхфом гардад [қиёмат оғоз хоҳад шуд] (37)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٣٨﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (38)
Tafseer:
فَیَوۡمَىِٕذࣲ لَّا یُسۡـَٔلُ عَن ذَنۢبِهِۦۤ إِنسࣱ وَلَا جَاۤنࣱّ ﴿٣٩﴾
Он рӯз [ба иллати равшан будани ҳамаи умур] аз инсу ҷин [дар бораи гуноҳонашон] суол нахоҳад шуд (39)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٤٠﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (40)
Tafseer:
یُعۡرَفُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ بِسِیمَـٰهُمۡ فَیُؤۡخَذُ بِٱلنَّوَ ٰ⁠صِی وَٱلۡأَقۡدَامِ ﴿٤١﴾
Гунаҳкорон аз чеҳраҳояшон шинохта мешаванд; он гоҳ [ононро] аз мӯйи пешонӣ ва пойҳояшон мегиранд [ва ба дузах меандозанд] (41)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٤٢﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (42)
Tafseer:
هَـٰذِهِۦ جَهَنَّمُ ٱلَّتِی یُكَذِّبُ بِهَا ٱلۡمُجۡرِمُونَ ﴿٤٣﴾
Ин [ҳамон] ҷаҳаннаме аст, ки гунаҳкорон инкораш мекарданд (43)
Tafseer:
یَطُوفُونَ بَیۡنَهَا وَبَیۡنَ حَمِیمٍ ءَانࣲ ﴿٤٤﴾
[Дар он ҷо] Миёни оташу оби ҷӯшон дар ҳаракатанд (44)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٤٥﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (45)
Tafseer:
وَلِمَنۡ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِۦ جَنَّتَانِ ﴿٤٦﴾
Ҳар ки аз истодан дар пешгоҳи Парвардигораш [барои ҳисоб] метарсад, ду боғ [дар биҳишт] дорад (46)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٤٧﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (47)
Tafseer:
ذَوَاتَاۤ أَفۡنَانࣲ ﴿٤٨﴾
[Бо дарахтоне] Пур аз шохсор (48)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٤٩﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (49)
Tafseer:
فِیهِمَا عَیۡنَانِ تَجۡرِیَانِ ﴿٥٠﴾
Дар он боғҳо ду чашмаи равон аст (50)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٥١﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (51)
Tafseer:
فِیهِمَا مِن كُلِّ فَـٰكِهَةࣲ زَوۡجَانِ ﴿٥٢﴾
Дар он боғҳо аз ҳар мевае ду навъ вуҷуд дорад (52)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٥٣﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (53)
Tafseer:
مُتَّكِـِٔینَ عَلَىٰ فُرُشِۭ بَطَاۤىِٕنُهَا مِنۡ إِسۡتَبۡرَقࣲۚ وَجَنَى ٱلۡجَنَّتَیۡنِ دَانࣲ ﴿٥٤﴾
[Биҳиштиён] Бар бистарҳое, ки астарашон аз дебои захим аст, такя мезананд ва меваҳои он боғҳо дар дастрасашон аст (54)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٥٥﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (55)
Tafseer:
فِیهِنَّ قَـٰصِرَ ٰ⁠تُ ٱلطَّرۡفِ لَمۡ یَطۡمِثۡهُنَّ إِنسࣱ قَبۡلَهُمۡ وَلَا جَاۤنࣱّ ﴿٥٦﴾
Дар он боғҳо ҳуроне афтоданигоҳ ҳастанд, ки дасти аҳаде аз инсу ҷин қаблан ба онон нарасидааст (56)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٥٧﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (57)
Tafseer:
كَأَنَّهُنَّ ٱلۡیَاقُوتُ وَٱلۡمَرۡجَانُ ﴿٥٨﴾
Гӯӣ он ҳурон ёқуту марҷонанд (58)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٥٩﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (59)
Tafseer:
هَلۡ جَزَاۤءُ ٱلۡإِحۡسَـٰنِ إِلَّا ٱلۡإِحۡسَـٰنُ ﴿٦٠﴾
Оё подоши некӣ ҷуз некӣ ҳаст? (60)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٦١﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (61)
Tafseer:
وَمِن دُونِهِمَا جَنَّتَانِ ﴿٦٢﴾
Дар канори он боғҳо ду боғи [биҳиштии] дигар аст (62)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٦٣﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (63)
Tafseer:
مُدۡهَاۤمَّتَانِ ﴿٦٤﴾
[Ду боғ] Ки [дарахтонаш] дар ниҳояти сабзӣ [ва хуррамӣ] аст (64)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٦٥﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (65)
Tafseer:
فِیهِمَا عَیۡنَانِ نَضَّاخَتَانِ ﴿٦٦﴾
Дар он ду [боғи биҳиштӣ] ду чашмаи ҷӯшон ҷорӣ аст (66)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٦٧﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (67)
Tafseer:
فِیهِمَا فَـٰكِهَةࣱ وَنَخۡلࣱ وَرُمَّانࣱ ﴿٦٨﴾
Ва дар онҳо [дарахтони] мева ва дарахтони хурмо ва анор ҳаст (68)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٦٩﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (69)
Tafseer:
فِیهِنَّ خَیۡرَ ٰ⁠تٌ حِسَانࣱ ﴿٧٠﴾
Дар миёни он боғҳо занони нексират ва некрӯй ҳузур доранд (70)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٧١﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (71)
Tafseer:
حُورࣱ مَّقۡصُورَ ٰ⁠تࣱ فِی ٱلۡخِیَامِ ﴿٧٢﴾
Ҳуроне, ки дар саропардаи хаймаҳои биҳиштӣ нишастаанд (72)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٧٣﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (73)
Tafseer:
لَمۡ یَطۡمِثۡهُنَّ إِنسࣱ قَبۡلَهُمۡ وَلَا جَاۤنࣱّ ﴿٧٤﴾
[Душизагоне, ки] Дасти аҳаде аз инсу ҷин қаблан ба онон нарасидааст (74)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٧٥﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (75)
Tafseer:
مُتَّكِـِٔینَ عَلَىٰ رَفۡرَفٍ خُضۡرࣲ وَعَبۡقَرِیٍّ حِسَانࣲ ﴿٧٦﴾
[Биҳиштиён] Бар болиштҳое сабзу бистарҳое нафису зебо орамидаанд (76)
Tafseer:
فَبِأَیِّ ءَالَاۤءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ﴿٧٧﴾
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? (77)
Tafseer:
تَبَـٰرَكَ ٱسۡمُ رَبِّكَ ذِی ٱلۡجَلَـٰلِ وَٱلۡإِكۡرَامِ ﴿٧٨﴾
Номи Парвардигори бошукӯҳу арҷмандат бобаракату фархунда аст (78)
Tafseer: