Surah Сураи Қалам - Al-Qalam

Surah Сураи Қалам - Al-Qalam

Tajik Тоҷикӣ Translation52 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Қалам - Al-Qalam.
نۤۚ وَٱلۡقَلَمِ وَمَا یَسۡطُرُونَ ﴿١﴾
Нун.[1] Савганд ба қалам ва он чи менависанд
[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.
(1)
Tafseer:
مَاۤ أَنتَ بِنِعۡمَةِ رَبِّكَ بِمَجۡنُونࣲ ﴿٢﴾
Ки ту [эй паёмбар] ба неъмат [ва фазли] Парвардигорат девона нестӣ(2)
Tafseer:
وَإِنَّ لَكَ لَأَجۡرًا غَیۡرَ مَمۡنُونࣲ ﴿٣﴾
Ва барои ту подоше бепоён [дар пеш] аст(3)
Tafseer:
وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِیمࣲ ﴿٤﴾
Ва яқинан ту ахлоқи бисёр наку ва волое дорӣ(4)
Tafseer:
فَسَتُبۡصِرُ وَیُبۡصِرُونَ ﴿٥﴾
Пас, ба зудӣ хоҳӣ дид ва онҳо [низ] хоҳанд дид,(5)
Tafseer:
بِأَییِّكُمُ ٱلۡمَفۡتُونُ ﴿٦﴾
ки кадом як аз шумо девона аст(6)
Tafseer:
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِیلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِینَ ﴿٧﴾
Парвардигорат беҳтар медонад, чи касе аз роҳи Ӯ гумроҳ гашта ва [низ] Ӯ ба ҳидоятёфтагон донотар аст(7)
Tafseer:
فَلَا تُطِعِ ٱلۡمُكَذِّبِینَ ﴿٨﴾
Пас аз такзибкунандагон итоат макун(8)
Tafseer:
وَدُّواْ لَوۡ تُدۡهِنُ فَیُدۡهِنُونَ ﴿٩﴾
Онҳо дӯст медоранд [ва мехоҳанд], ки нармӣ [ва мадоро] кунӣ, то онон [низ] нармӣ [ва мадоро] кунанд(9)
Tafseer:
وَلَا تُطِعۡ كُلَّ حَلَّافࣲ مَّهِینٍ ﴿١٠﴾
Ва аз ҳар фурумояе, ки бисёр савганд [-и дурӯғ] ёд мекунад, итоат макун(10)
Tafseer:
هَمَّازࣲ مَّشَّاۤءِۭ بِنَمِیمࣲ ﴿١١﴾
[Он ки] Бисёр айбҷуст ва ба суханчинӣ омадушуд мекунад(11)
Tafseer:
مَّنَّاعࣲ لِّلۡخَیۡرِ مُعۡتَدٍ أَثِیمٍ ﴿١٢﴾
Ва бисёр монеи кори хайр ва мутаҷовизу гунаҳгор аст(12)
Tafseer:
عُتُلِّۭ بَعۡدَ ذَ ٰ⁠لِكَ زَنِیمٍ ﴿١٣﴾
Гузашта аз он, дурушту бетабор ва бадном аст(13)
Tafseer:
أَن كَانَ ذَا مَالࣲ وَبَنِینَ ﴿١٤﴾
Бад-он хотир, ки соҳиби молу фарзандони бисёр аст(14)
Tafseer:
إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَیۡهِ ءَایَـٰتُنَا قَالَ أَسَـٰطِیرُ ٱلۡأَوَّلِینَ ﴿١٥﴾
Ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ хонда шавад, мегӯяд: «[Инҳо] Афсонаҳои гузаштагон аст»(15)
Tafseer:
سَنَسِمُهُۥ عَلَى ٱلۡخُرۡطُومِ ﴿١٦﴾
Ба зудӣ бар бинии ӯ доғ [-и нангу расвоӣ] мениҳем(16)
Tafseer:
إِنَّا بَلَوۡنَـٰهُمۡ كَمَا بَلَوۡنَاۤ أَصۡحَـٰبَ ٱلۡجَنَّةِ إِذۡ أَقۡسَمُواْ لَیَصۡرِمُنَّهَا مُصۡبِحِینَ ﴿١٧﴾
Мо онҳоро озмоиш кардем, ҳамон гуна ки соҳибони боғро озмудем, ҳангоме ки савганд ёд карданд, ки субҳгоҳон [ки мустамандон набошанд] меваҳои боғро бичинанд(17)
Tafseer:
وَلَا یَسۡتَثۡنُونَ ﴿١٨﴾
Ва [-ле] «иншоаллоҳ» нагуфтанд(18)
Tafseer:
فَطَافَ عَلَیۡهَا طَاۤىِٕفࣱ مِّن رَّبِّكَ وَهُمۡ نَاۤىِٕمُونَ ﴿١٩﴾
Пас, азобе [фарогир] аз сӯйи Парвардигорат бар [боғи] онҳо фуруд омад, дар ҳоле ки ҳама дар хоб буданд(19)
Tafseer:
فَأَصۡبَحَتۡ كَٱلصَّرِیمِ ﴿٢٠﴾
Пас, он боғ [-и сабзу хуррам пас аз оташсӯзӣ] ҳамчун шаби сиёҳ шуд(20)
Tafseer:
فَتَنَادَوۡاْ مُصۡبِحِینَ ﴿٢١﴾
Он гоҳ субҳгоҳон якдигарро нидо доданд(21)
Tafseer:
أَنِ ٱغۡدُواْ عَلَىٰ حَرۡثِكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَـٰرِمِینَ ﴿٢٢﴾
Ки агар мехоҳед, дарав кунед, ба сӯйи киштзор [ва боғ]-и хеш биравед(22)
Tafseer:
فَٱنطَلَقُواْ وَهُمۡ یَتَخَـٰفَتُونَ ﴿٢٣﴾
Пас [ба сӯйи киштзор] ҳаракат карданд, дар ҳоле ки оҳиста бо ҳам мегуфтанд:(23)
Tafseer:
أَن لَّا یَدۡخُلَنَّهَا ٱلۡیَوۡمَ عَلَیۡكُم مِّسۡكِینࣱ ﴿٢٤﴾
«[Муроқиб бошед] Ки имрӯз ҳеҷ [ниёзманд ва] бенавое дар он [боғ] ворид нашавад!»(24)
Tafseer:
وَغَدَوۡاْ عَلَىٰ حَرۡدࣲ قَـٰدِرِینَ ﴿٢٥﴾
Ва субҳгоҳон бо тасмими ҷиддӣ бар ҷилавгирӣ [аз вуруди мустамандон ба самти боғ] берун шуданд(25)
Tafseer:
فَلَمَّا رَأَوۡهَا قَالُوۤاْ إِنَّا لَضَاۤلُّونَ ﴿٢٦﴾
Пас, ҳангоме ки он [боғ]-ро диданд, гуфтанд: «Яқинан мо [иштибоҳ омадаем ва] роҳро гум кардаем(26)
Tafseer:
بَلۡ نَحۡنُ مَحۡرُومُونَ ﴿٢٧﴾
балки ҳама чизро аз даст додаем(27)
Tafseer:
قَالَ أَوۡسَطُهُمۡ أَلَمۡ أَقُل لَّكُمۡ لَوۡلَا تُسَبِّحُونَ ﴿٢٨﴾
Яке аз беҳтарин [ва хирадмандтарин]-и эшон гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, чаро [шукру] тасбеҳ [-и Аллоҳро] намегӯед?»(28)
Tafseer:
قَالُواْ سُبۡحَـٰنَ رَبِّنَاۤ إِنَّا كُنَّا ظَـٰلِمِینَ ﴿٢٩﴾
Гуфтанд: «Парвардигори мо поку муназзаҳ аст. Мусалламан, мо ситамгор будем»(29)
Tafseer:
فَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضࣲ یَتَلَـٰوَمُونَ ﴿٣٠﴾
Он гоҳ маломаткунон ба якдигар рӯ оварданд(30)
Tafseer:
قَالُواْ یَـٰوَیۡلَنَاۤ إِنَّا كُنَّا طَـٰغِینَ ﴿٣١﴾
[ва] Гуфтанд: «Вой бар мо, ки туғёнгар [ва саркаш] будем!(31)
Tafseer:
عَسَىٰ رَبُّنَاۤ أَن یُبۡدِلَنَا خَیۡرࣰا مِّنۡهَاۤ إِنَّاۤ إِلَىٰ رَبِّنَا رَ ٰ⁠غِبُونَ ﴿٣٢﴾
Умедворем, ки Парвардигорамон [моро бибахшад ва] дар иваз чизе беҳтар аз он [боғ] ба мо диҳад, [чаро ки] бе гумон, мо ба сӯи Парвардигори худ рӯй овардаем»(32)
Tafseer:
كَذَ ٰ⁠لِكَ ٱلۡعَذَابُۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡـَٔاخِرَةِ أَكۡبَرُۚ لَوۡ كَانُواْ یَعۡلَمُونَ ﴿٣٣﴾
Азоби [Аллоҳ таоло дар дунё] чунин аст ва агар медонистанд, азоби охират мусалламан бузургтар [-у бештар] аст.(33)
Tafseer:
إِنَّ لِلۡمُتَّقِینَ عِندَ رَبِّهِمۡ جَنَّـٰتِ ٱلنَّعِیمِ ﴿٣٤﴾
Ба ростӣ, барои парҳезкорон назди Парвардигорашон боғҳои пурнеъмат аст(34)
Tafseer:
أَفَنَجۡعَلُ ٱلۡمُسۡلِمِینَ كَٱلۡمُجۡرِمِینَ ﴿٣٥﴾
Оё мо мусулмононро ҳамчун муҷримон [ва гунаҳгорон] қарор медиҳем?(35)
Tafseer:
مَا لَكُمۡ كَیۡفَ تَحۡكُمُونَ ﴿٣٦﴾
Шуморо чи шудааст? Чӣ гуна доварӣ мекунед?(36)
Tafseer:
أَمۡ لَكُمۡ كِتَـٰبࣱ فِیهِ تَدۡرُسُونَ ﴿٣٧﴾
Оё шумо китобе [осмонӣ] доред, ки дар он фаромегиред?(37)
Tafseer:
إِنَّ لَكُمۡ فِیهِ لَمَا تَخَیَّرُونَ ﴿٣٨﴾
Ва [оё] он чиро интихоб мекунед, дар он [китоб] барои шумо [навишта шуда] аст?(38)
Tafseer:
أَمۡ لَكُمۡ أَیۡمَـٰنٌ عَلَیۡنَا بَـٰلِغَةٌ إِلَىٰ یَوۡمِ ٱلۡقِیَـٰمَةِ إِنَّ لَكُمۡ لَمَا تَحۡكُمُونَ ﴿٣٩﴾
Ё ин ки бар [уҳдаи] Мо аҳду паймони устуворе то рӯзи қиёмат доред, ки ҳар чиро ҳукм кунед, [ҳақ] барои шумо бошад?(39)
Tafseer:
سَلۡهُمۡ أَیُّهُم بِذَ ٰ⁠لِكَ زَعِیمٌ ﴿٤٠﴾
[Эй Паёмбар,] аз онҳо бипурс кадом як аз онон дар баробари ин [иддаоҳо] мутааҳҳид аст?(40)
Tafseer:
أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَاۤءُ فَلۡیَأۡتُواْ بِشُرَكَاۤىِٕهِمۡ إِن كَانُواْ صَـٰدِقِینَ ﴿٤١﴾
Ва ё ин ки [маъбудон ва] шариконе доранд? Пас агар рост мегӯянд, бояд шарикон [ва маъбудони] хешро биёваранд(41)
Tafseer:
یَوۡمَ یُكۡشَفُ عَن سَاقࣲ وَیُدۡعَوۡنَ إِلَى ٱلسُّجُودِ فَلَا یَسۡتَطِیعُونَ ﴿٤٢﴾
Рӯзе, ки [соқ ошкор гардад ва] кор сахту душвор шавад ва [мардум] ба саҷда фаро хонда мешаванд, вале [кофирон ва мунофиқон] наметавонанд [саҷда кунанд](42)
Tafseer:
خَـٰشِعَةً أَبۡصَـٰرُهُمۡ تَرۡهَقُهُمۡ ذِلَّةࣱۖ وَقَدۡ كَانُواْ یُدۡعَوۡنَ إِلَى ٱلسُّجُودِ وَهُمۡ سَـٰلِمُونَ ﴿٤٣﴾
[Дар ҳоле ки] Дидагонашон [аз тарсу надомат] фуру афтода ва зиллату хорӣ вуҷудашонро фаро гирифтааст ва, яқинан, пеш аз ин [дар дунё] дар ҳоле ки тандуруст буданд, ба саҷда фаро хонда мешуданд(43)
Tafseer:
فَذَرۡنِی وَمَن یُكَذِّبُ بِهَـٰذَا ٱلۡحَدِیثِۖ سَنَسۡتَدۡرِجُهُم مِّنۡ حَیۡثُ لَا یَعۡلَمُونَ ﴿٤٤﴾
Пас, [эй Паёмбар] Маро бо он касе, ки ин сухан [Қуръон]-ро такзиб мекунад, вогузор. Мо ононро андак-андак [ва] ба гунае ки дарнаёбанд [ва аз ҷое ки мутаваҷҷеҳ нагарданд], ба сӯйи азоб хоҳем кашонд(44)
Tafseer:
وَأُمۡلِی لَهُمۡۚ إِنَّ كَیۡدِی مَتِینٌ ﴿٤٥﴾
Ва ба онон муҳлат медиҳам. Ба ростӣ, ки тадбири Ман устувор [ва ҳисобшуда] аст(45)
Tafseer:
أَمۡ تَسۡـَٔلُهُمۡ أَجۡرࣰا فَهُم مِّن مَّغۡرَمࣲ مُّثۡقَلُونَ ﴿٤٦﴾
[Эй Паёмбар] Магар ту аз эшон музде дархост мекунӣ, ки [аз адои он дар ранҷанд ва] бар эшон сангин аст?(46)
Tafseer:
أَمۡ عِندَهُمُ ٱلۡغَیۡبُ فَهُمۡ یَكۡتُبُونَ ﴿٤٧﴾
Ё [асрори] ғайб назди онҳост ва онон [он чиро мегуянд, аз рӯи он] менависанд(47)
Tafseer:
فَٱصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ وَلَا تَكُن كَصَاحِبِ ٱلۡحُوتِ إِذۡ نَادَىٰ وَهُوَ مَكۡظُومࣱ ﴿٤٨﴾
Пас, [эй Паёмбар] барои фармон [ва ҳукми] Парвардигорат сабр кун ва монанди соҳиби моҳӣ [Юнус] мабош, ки бо диле шармсор аз хашму андӯҳ [Аллоҳро] нидо дод.(48)
Tafseer:
لَّوۡلَاۤ أَن تَدَ ٰ⁠رَكَهُۥ نِعۡمَةࣱ مِّن رَّبِّهِۦ لَنُبِذَ بِٱلۡعَرَاۤءِ وَهُوَ مَذۡمُومࣱ ﴿٤٩﴾
Агар неъмат [-у раҳмате] аз сӯи Парвардигораш ба ёрии ӯ наомада буд, яқинан, дар ҳоле ки накӯҳида буд, [аз шиками моҳӣ] ба саҳрои хушкида берун афканда мешуд(49)
Tafseer:
فَٱجۡتَبَـٰهُ رَبُّهُۥ فَجَعَلَهُۥ مِنَ ٱلصَّـٰلِحِینَ ﴿٥٠﴾
Пас, Парвардигораш ӯро баргузид ва аз солеҳон қарор дод(50)
Tafseer:
وَإِن یَكَادُ ٱلَّذِینَ كَفَرُواْ لَیُزۡلِقُونَكَ بِأَبۡصَـٰرِهِمۡ لَمَّا سَمِعُواْ ٱلذِّكۡرَ وَیَقُولُونَ إِنَّهُۥ لَمَجۡنُونࣱ ﴿٥١﴾
Ва [эй Паёмбар] наздик аст онон, ки кофир шуданд, ҳангоме ки оёти Қуръонро мешунаванд, туро чашмзахм зананд ва [ба хотири хашму ҳасадашон] мегӯянд: «Ҳатман, ӯ девона аст»(51)
Tafseer:
وَمَا هُوَ إِلَّا ذِكۡرࣱ لِّلۡعَـٰلَمِینَ ﴿٥٢﴾
Дар ҳоле ки ин [Қуръон] ҷуз панде барои ҷаҳониён нест.(52)
Tafseer:

تسجيل الدخول / إنشاء حساب

أدخل بريدك الإلكتروني ليصلك رمز الدخول السريع (بدون كلمة مرور)