Surah Сураи Маъориҷ (Осмонҳо) - Al-Ma‘ārij

Surah Сураи Маъориҷ (Осмонҳо) - Al-Ma‘ārij

Tajik Тоҷикӣ Translation44 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Маъориҷ (Осмонҳо) - Al-Ma‘ārij.
سَأَلَ سَاۤىِٕلُۢ بِعَذَابࣲ وَاقِعࣲ ﴿١﴾
Дархосткунандае [ба тамасхур] тақозои азоберо кард, ки вуқуаш [дар қиёмат] ҳатмӣ аст(1)
Tafseer:
لِّلۡكَـٰفِرِینَ لَیۡسَ لَهُۥ دَافِعࣱ ﴿٢﴾
[Ин азоб] Барои кофирон аст [ва] ҳеҷ дафъкунандае надорад(2)
Tafseer:
مِّنَ ٱللَّهِ ذِی ٱلۡمَعَارِجِ ﴿٣﴾
Аз сӯйи Аллоҳ таоло [ба вуқуъ мепайвандад, ки] соҳиби маротиб ва дараҷоти волост(3)
Tafseer:
تَعۡرُجُ ٱلۡمَلَـٰۤىِٕكَةُ وَٱلرُّوحُ إِلَیۡهِ فِی یَوۡمࣲ كَانَ مِقۡدَارُهُۥ خَمۡسِینَ أَلۡفَ سَنَةࣲ ﴿٤﴾
Фариштагон ва Руҳ [Ҷабраил] ба сӯйи Ӯ уруҷ мекунанд, дар рӯзе, ки миқдораш [дар миқёси башарӣ] панҷоҳ ҳазор сол аст(4)
Tafseer:
فَٱصۡبِرۡ صَبۡرࣰا جَمِیلًا ﴿٥﴾
Пас, ту [эй Паёмбар, дар баробари тамасхури эшон] сабри наку пеша кун(5)
Tafseer:
إِنَّهُمۡ یَرَوۡنَهُۥ بَعِیدࣰا ﴿٦﴾
Бе гумон, онҳо он [рӯз]-ро дур мебинанд(6)
Tafseer:
وَنَرَىٰهُ قَرِیبࣰا ﴿٧﴾
Ва Мо онро наздик мебинем(7)
Tafseer:
یَوۡمَ تَكُونُ ٱلسَّمَاۤءُ كَٱلۡمُهۡلِ ﴿٨﴾
[Ҳамон] Рӯзе, ки осмон чун миси гудохта шавад(8)
Tafseer:
وَتَكُونُ ٱلۡجِبَالُ كَٱلۡعِهۡنِ ﴿٩﴾
Ва кӯҳҳо монанди пашми рангин [муталошӣ ва пароканда] шавад(9)
Tafseer:
وَلَا یَسۡـَٔلُ حَمِیمٌ حَمِیمࣰا ﴿١٠﴾
Ва ҳеҷ дӯсти самимӣ [ва хешованде] аз [ҳоли] дӯсти самимӣ [ва хешовандаш] намепурсад(10)
Tafseer:
یُبَصَّرُونَهُمۡۚ یَوَدُّ ٱلۡمُجۡرِمُ لَوۡ یَفۡتَدِی مِنۡ عَذَابِ یَوۡمِىِٕذِۭ بِبَنِیهِ ﴿١١﴾
[Дар ҳоле ки] Онон ба якдигар нишон дода мешаванд, гунаҳгор [дӯст дорад ва] орзу мекунад, ки фарзандони худро дар баробари [раҳоӣ аз] азоби он рӯз бидиҳад(11)
Tafseer:
وَصَـٰحِبَتِهِۦ وَأَخِیهِ ﴿١٢﴾
Ва [ҳамчунин] ҳамсару бародарашро(12)
Tafseer:
وَفَصِیلَتِهِ ٱلَّتِی تُـٔۡوِیهِ ﴿١٣﴾
ва қабилаашро, ки [ҳамеша] ба ӯ ҷо ва паноҳ медод(13)
Tafseer:
وَمَن فِی ٱلۡأَرۡضِ جَمِیعࣰا ثُمَّ یُنجِیهِ ﴿١٤﴾
Ва [ҳамчунин] ҳамаи онҳоеро, ки рӯйи замин ҳастанд, [фидо кунад] то наҷот ёбад(14)
Tafseer:
كَلَّاۤۖ إِنَّهَا لَظَىٰ ﴿١٥﴾
[Аммо] Ҳаргиз чунин нест! Бе гумон, он шуълаҳои [оташи] сӯзон аст(15)
Tafseer:
نَزَّاعَةࣰ لِّلشَّوَىٰ ﴿١٦﴾
[Ки] пӯст аз сар бармеканад(16)
Tafseer:
تَدۡعُواْ مَنۡ أَدۡبَرَ وَتَوَلَّىٰ ﴿١٧﴾
Касонеро, ки [ба фармони Аллоҳ таоло] пушт карданд ва [аз ҳақ] рӯй гардониданд, [ба сӯи худ] фаро мехонад(17)
Tafseer:
وَجَمَعَ فَأَوۡعَىٰۤ ﴿١٨﴾
Ва [низ касонеро, ки] амволро ҷамъоварӣ ва захира карданд [ва ҳаққи онро напардохтанд](18)
Tafseer:
۞ إِنَّ ٱلۡإِنسَـٰنَ خُلِقَ هَلُوعًا ﴿١٩﴾
Яқинан, инсон камтоқат [-у ҳарис] офарида шудааст(19)
Tafseer:
إِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ جَزُوعࣰا ﴿٢٠﴾
Ҳар гоҳ бадӣ [ва мусибате] ба ӯ расад, бетобӣ мекунад(20)
Tafseer:
وَإِذَا مَسَّهُ ٱلۡخَیۡرُ مَنُوعًا ﴿٢١﴾
Ва ҳар гоҳ хубӣ ба ӯ расад, боздоранда [ва бахил] мегардад(21)
Tafseer:
إِلَّا ٱلۡمُصَلِّینَ ﴿٢٢﴾
Магар намозгузорон(22)
Tafseer:
ٱلَّذِینَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ دَاۤىِٕمُونَ ﴿٢٣﴾
Ҳамон касоне, ки бар намозҳояшон ҳамеша пойдорӣ мекунанд.(23)
Tafseer:
وَٱلَّذِینَ فِیۤ أَمۡوَ ٰ⁠لِهِمۡ حَقࣱّ مَّعۡلُومࣱ ﴿٢٤﴾
Ва касоне, ки дар амволашон ҳаққи [муайяну] маълуме ҳаст(24)
Tafseer:
لِّلسَّاۤىِٕلِ وَٱلۡمَحۡرُومِ ﴿٢٥﴾
Барои мустаманд ва маҳрум(25)
Tafseer:
وَٱلَّذِینَ یُصَدِّقُونَ بِیَوۡمِ ٱلدِّینِ ﴿٢٦﴾
Ва [ҳамон] касоне, ки рӯзи ҷазоро тасдиқ мекунанд(26)
Tafseer:
وَٱلَّذِینَ هُم مِّنۡ عَذَابِ رَبِّهِم مُّشۡفِقُونَ ﴿٢٧﴾
Ва касоне, ки аз азоби Парвардигорашон метарсанд(27)
Tafseer:
إِنَّ عَذَابَ رَبِّهِمۡ غَیۡرُ مَأۡمُونࣲ ﴿٢٨﴾
[Чаро ки] Бе гумон, аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд(28)
Tafseer:
وَٱلَّذِینَ هُمۡ لِفُرُوجِهِمۡ حَـٰفِظُونَ ﴿٢٩﴾
Ва касоне, ки шармгоҳҳояшонро нигаҳ медоранд(29)
Tafseer:
إِلَّا عَلَىٰۤ أَزۡوَ ٰ⁠جِهِمۡ أَوۡ مَا مَلَكَتۡ أَیۡمَـٰنُهُمۡ فَإِنَّهُمۡ غَیۡرُ مَلُومِینَ ﴿٣٠﴾
Магар бо ҳамсарону канизоне, ки молики онҳо ҳастанд, ки [дар ин сурат] сарзанише бар онҳо нест(30)
Tafseer:
فَمَنِ ٱبۡتَغَىٰ وَرَاۤءَ ذَ ٰ⁠لِكَ فَأُوْلَـٰۤىِٕكَ هُمُ ٱلۡعَادُونَ ﴿٣١﴾
Пас, ҳар кас фаротар аз инҳоро бихоҳад, онон мутаҷовизон ҳастанд(31)
Tafseer:
وَٱلَّذِینَ هُمۡ لِأَمَـٰنَـٰتِهِمۡ وَعَهۡدِهِمۡ رَ ٰ⁠عُونَ ﴿٣٢﴾
Ва касоне, ки амонатҳо ва паймонҳояшонро риоя мекунанд(32)
Tafseer:
وَٱلَّذِینَ هُم بِشَهَـٰدَ ٰ⁠تِهِمۡ قَاۤىِٕمُونَ ﴿٣٣﴾
Ва касоне, ки ба шаҳодатҳои худ мутааҳҳиданд(33)
Tafseer:
وَٱلَّذِینَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ یُحَافِظُونَ ﴿٣٤﴾
Ва касоне, ки бар намозашон пойдорӣ мекунанд(34)
Tafseer:
أُوْلَـٰۤىِٕكَ فِی جَنَّـٰتࣲ مُّكۡرَمُونَ ﴿٣٥﴾
Инон дар боғҳо [-и биҳишт] гиромӣ дошта мешаванд(35)
Tafseer:
فَمَالِ ٱلَّذِینَ كَفَرُواْ قِبَلَكَ مُهۡطِعِینَ ﴿٣٦﴾
Пас, [эй Паёмбар] кофиронро чи шудааст, ки ба сӯйи ту мешитобанд?(36)
Tafseer:
عَنِ ٱلۡیَمِینِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ عِزِینَ ﴿٣٧﴾
[Ва] Аз росту чап гурӯҳ-гурӯҳ [ҳуҷум меоваранд?](37)
Tafseer:
أَیَطۡمَعُ كُلُّ ٱمۡرِئࣲ مِّنۡهُمۡ أَن یُدۡخَلَ جَنَّةَ نَعِیمࣲ ﴿٣٨﴾
Оё ҳар кадом аз онҳо [бо он аъмоли нописандашон] тамаъ доранд, ки дар биҳишти пурнеъмат [-и илоҳӣ] дароварда шаванд?(38)
Tafseer:
كَلَّاۤۖ إِنَّا خَلَقۡنَـٰهُم مِّمَّا یَعۡلَمُونَ ﴿٣٩﴾
Ҳаргиз чунин нест! Бе гумон, Мо онҳоро аз он чи [худ] медонанд, офаридаем(39)
Tafseer:
فَلَاۤ أُقۡسِمُ بِرَبِّ ٱلۡمَشَـٰرِقِ وَٱلۡمَغَـٰرِبِ إِنَّا لَقَـٰدِرُونَ ﴿٤٠﴾
Пас, ба Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳо савганд мехӯрам, ки Мо яқинан қодирем(40)
Tafseer:
عَلَىٰۤ أَن نُّبَدِّلَ خَیۡرࣰا مِّنۡهُمۡ وَمَا نَحۡنُ بِمَسۡبُوقِینَ ﴿٤١﴾
Бар ин ки [касони дигаре] беҳтар аз эшонро ҷойгузин кунем ва Мо [барои анҷоми ин кор] дармонда ва нотавон нестем(41)
Tafseer:
فَذَرۡهُمۡ یَخُوضُواْ وَیَلۡعَبُواْ حَتَّىٰ یُلَـٰقُواْ یَوۡمَهُمُ ٱلَّذِی یُوعَدُونَ ﴿٤٢﴾
Пас, [эй Паёмбар] ононро ба ҳоли худ вогузор, то дар ботили худ фуру раванд ва бозӣ кунанд, то ба рӯзе бирасанд, ки бад-эшон ваъда дода шудааст(42)
Tafseer:
یَوۡمَ یَخۡرُجُونَ مِنَ ٱلۡأَجۡدَاثِ سِرَاعࣰا كَأَنَّهُمۡ إِلَىٰ نُصُبࣲ یُوفِضُونَ ﴿٤٣﴾
[Ҳамон] Рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо хориҷ мешаванд, гӯӣ ба сӯйи бутҳо медаванд(43)
Tafseer:
خَـٰشِعَةً أَبۡصَـٰرُهُمۡ تَرۡهَقُهُمۡ ذِلَّةࣱۚ ذَ ٰ⁠لِكَ ٱلۡیَوۡمُ ٱلَّذِی كَانُواْ یُوعَدُونَ ﴿٤٤﴾
[Дар ҳоле ки] Чашмҳояшон [аз шарму ваҳшат] ба зер афтода ва зиллат [-у хорӣ] ононро пӯшидааст. Ин ҳамон рӯзест, ки ба эшон ваъда дода мешавад(44)
Tafseer:

تسجيل الدخول / إنشاء حساب

أدخل بريدك الإلكتروني ليصلك رمز الدخول السريع (بدون كلمة مرور)