Select surah Select surah 1 Сураи Фотиҳа - Al-Fātihah [7] 2 Сураи Бақара (Гов) - Al-Baqarah [286] 3 Сураи Оли Имрон (Хонадони Имрон) - Āl-‘Imrān [200] 4 Сураи Нисо (Занҳо) - An-Nisā’ [176] 5 Сураи Моида (Дастархон) - Al-Mā’idah [120] 6 Сураи Анъом (Чаҳорпоён) - Al-An‘ām [165] 7 Сураи Аъроф (Баландиҳо) - Al-A‘rāf [206] 8 Сураи Анфол (Ғаниматҳо) - Al-Anfāl [75] 9 Сураи Тавба - At-Tawbah [129] 10 Сураи Юнус - Yūnus [109] 11 Сураи Ҳуд - Hūd [123] 12 Сураи Юсуф - Yūsuf [111] 13 Сураи Раъд (Тундар) - Ar-Ra‘d [43] 14 Сураи Иброҳим - Ibrāhīm [52] 15 Сураи Ҳиҷр - Al-Hijr [99] 16 Сураи Наҳл (Занбӯри асал) - An-Nahl [128] 17 Сураи Исро - Al-Isrā’ [111] 18 Сураи Каҳф (Ғор) - Al-Kahf [110] 19 Сураи Марям - Maryam [98] 20 Сураи Тоҳо (То, Ҳо) - Tā-ha [135] 21 Сураи Анбиё (Паёмбарон) - Al-Anbiyā’ [112] 22 Сураи Ҳаҷ - Al-Hajj [78] 23 Сураи Муъминун (Муъминон) - Al-Mu’minūn [118] 24 Сураи Нур (Рӯшнои) - An-Noor [64] 25 Сураи Фурқон - Al-Furqān [77] 26 Сураи Шуъаро (Шоирон) - Ash-Shu‘arā’ [227] 27 Сураи Намл (Мурча) - An-Naml [93] 28 Сураи Қасас (Достонҳо) - Al-Qasas [88] 29 Сураи Анкабут (Тортанак) - Al-‘Ankabūt [69] 30 Сураи Рум - Ar-Rūm [60] 31 Сураи Луқмон - Luqmān [34] 32 Сураи Саҷда - As-Sajdah [30] 33 Сураи Аҳзоб (Гурӯҳҳо) - Al-Ahzāb [73] 34 Сураи Сабаъ (Қабилаи Сабаъ) - Saba’ [54] 35 Сураи Фотир (Офаринанда) - Fātir [45] 36 Сураи Ёсин (Ё, Син) - Yā-Sīn [83] 37 Сураи Соффот (Фариштагони сафбаста) - As-Sāffāt [182] 38 Сураи Сод - Sād [88] 39 Сураи Зумар (Ҷамоъатҳо) - Az-Zumar [75] 40 Сураи Ғофир (Омӯрзанда) - Ghāfir [85] 41 Сураи Фуссилат (Равшан сохта шуд) - Fussilat [54] 42 Сураи Шуро (Машварат кардан) - Ash-Shūra [53] 43 Сураи Зухруф (Зинат) - Az-Zukhruf [89] 44 Сураи Духон (Дуд) - Ad-Dukhān [59] 45 Сураи Ҷосия (Зонузананда) - Al-Jāthiyah [37] 46 Сураи Аҳқоф (Регистонҳо) - Al-Ahqāf [35] 47 Сураи Муҳаммад - Muhammad [38] 48 Сураи Фатҳ (Пирӯзӣ) - Al-Fat'h [29] 49 Сураи Ҳуҷурот (Ҳуҷраҳо) - Al-Hujurāt [18] 50 Сураи Қоф - Qāf [45] 51 Сураи Зориёт (Бодҳои хокпарокандасоз) - Adh-Dhāriyāt [60] 52 Сураи Тур (Кӯҳи Тур) - At-Toor [49] 53 Сураи Наҷм (Ситора) - An-Najm [62] 54 Сураи Қамар (Моҳ) - Al-Qamar [55] 55 Сураи Раҳмон (Бахшоянда) - Ar-Rahmān [78] 56 Сураи Воқиъа (Қиёмат) - Al-Wāqi‘ah [96] 57 Сураи Ҳадид (Оҳан) - Al-Hadīd [29] 58 Сураи Муҷодала (Ҷидол ва муноқиша кардан) - Al-Mujādalah [22] 59 Сураи Ҳашр (Рондан) - Al-Hashr [24] 60 Сураи Мумтаҳана (Зани Имтиҳоншуда) - Al-Mumtahanah [13] 61 Сураи Сафф - As-Saff [14] 62 Сураи Ҷумъа - Al-Jumu‘ah [11] 63 Сураи Мунофиқун (Дурӯяҳо) - Al-Munāfiqūn [11] 64 Сураи Тағобун (Рӯзе ки муъмин аз кофир ҷудо мешавад) - At-Taghābun [18] 65 Сураи Талоқ - At-Talāq [12] 66 Сураи Таҳрим (Ҳаром кардан) - At-Tahrīm [12] 67 Сураи Мулк - Al-Mulk [30] 68 Сураи Қалам - Al-Qalam [52] 69 Сураи Ҳоққа (Рӯзи барҳақ, Рӯзи қиёмат) - Al-Hāqqah [52] 70 Сураи Маъориҷ (Осмонҳо) - Al-Ma‘ārij [44] 71 Сураи Нӯҳ - Nūh [28] 72 Сураи Ҷин - Al-Jinn [28] 73 Сураи Музаммил (Ҷома бар худ печида) - Al-Muzzammil [20] 74 Сураи Мудассир (Ҷома дар сар кашида) - Al-Muddaththir [56] 75 Сураи Қиёмат - Al-Qiyāmah [40] 76 Сураи Инсон - Al-Insān [31] 77 Сураи Мурсалот (Бодҳо) - Al-Mursalāt [50] 78 Сураи Наба (Хабар) - An-Naba’ [40] 79 Сураи Нозиъот (Фариштагони гирандаи ҷон) - An-Nāzi‘āt [46] 80 Сураи Абаса (Рӯй турш кард) - ‘Abasa [42] 81 Сураи Таквир (Дарҳампечида ва камнур) - At-Takwīr [29] 82 Сураи Инфитор (Шикофтан) - Al-Infitār [19] 83 Сураи Мутаффифин (Камкунандагон) - Al-Mutaffifīn [36] 84 Сураи Иншиқоқ (Шикофта шудан) - Al-Inshiqāq [25] 85 Сураи Буруҷ (Бурҷҳо) - Al-Burūj [22] 86 Сураи Ториқ (Ончӣ дар шаб ояд) - At-Tāriq [17] 87 Сураи Аъло (Бартар) - Al-A‘lā [19] 88 Сураи Ғошия (Пӯшида) - Al-Ghāshiyah [26] 89 Сураи Фаҷр (Сапедаи субҳ) - Al-Fajr [30] 90 Сураи Балад (Шаҳр) - Al-Balad [20] 91 Сураи Шамс (Офтоб) - Ash-Shams [15] 92 Сураи Лайл (Шаб) - Al-Layl [21] 93 Сураи Зуҳо (Оғози рӯз) - Ad-Duhā [11] 94 Сураи Шарҳ (Кушодан) - Ash-Sharh [8] 95 Сураи Тин (Анҷир) - At-Teen [8] 96 Сураи Алақ (Хунлахта) - Al-‘Alaq [19] 97 Сураи Қадр (Тақдир) - Al-Qadr [5] 98 Сураи Байина (Бурҳони равшан) - Al-Bayyinah [8] 99 Сураи Залзала (Ларзиш) - Az-Zalzalah [8] 100 Сураи Одиёт (Аспони даванда) - Al-‘Ādiyāt [11] 101 Сураи Қориъа (Кӯбанда) - Al-Qāri‘ah [11] 102 Сураи Такосур (Афзунхоҳӣ) - At-Takāthur [8] 103 Сураи Аср (Замон) - Al-‘Asr [3] 104 Сураи Ҳуммаза (Айбҷӯ) - Al-Humazah [9] 105 Сураи Фил - Al-Feel [5] 106 Сураи Қурайш - Quraysh [4] 107 Сураи Моъун (Ёварӣ) - Al-Mā‘ūn [7] 108 Сураи Кавсар - Al-Kawthar [3] 109 Сураи Кофирун - Al-Kāfirūn [6] 110 Сураи Наср (Пирӯзӣ) - An-Nasr [3] 111 Сураи Масад (Лифи хурмо) - Al-Masad [5] 112 Сураи Ихлос - Al-Ikhlās [4] 113 Сураи Фалақ (Субҳгоҳ) - Al-Falaq [5] 114 Сураи Нос (Мардум) - An-Nās [6]
Select language Select language العربية English English - Yusuf Ali English - Transliteration Français Türkçe Indonesia Chinese 中文 Japanese 日本語 Italiano Malayalam മലയാളം Português Español Urdu اردو Bangali বাংলা Deutsch فارسى Română Русский Shqip Azəri Bosanski Bulgarian Български Hausa كوردی Swahili Tajik Тоҷикӣ Uzbek Ўзбек Hinid Filipino (Tagalog)
Tajik Тоҷикӣ Surah Сураи Нӯҳ - Nūh - Aya count 28
إِنَّاۤ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦۤ أَنۡ أَنذِرۡ قَوۡمَكَ مِن قَبۡلِ أَن یَأۡتِیَهُمۡ عَذَابٌ أَلِیمࣱ ﴿١﴾
Бе гумон, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем [ва гуфтем]: «Қавми худро – пеш аз он ки азоби дарднок ба суроғашон ояд – ҳушдор деҳ [ва битарсон]
قَالَ یَـٰقَوۡمِ إِنِّی لَكُمۡ نَذِیرࣱ مُّبِینٌ ﴿٢﴾
[Нуҳ] Гуфт: «Эй қавм, ман барои шумо бимдиҳандае ошкор ҳастам
أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱتَّقُوهُ وَأَطِیعُونِ ﴿٣﴾
Ки Аллоҳро бипарастед ва аз Ӯ парво намоед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
یَغۡفِرۡ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمۡ وَیُؤَخِّرۡكُمۡ إِلَىٰۤ أَجَلࣲ مُّسَمًّىۚ إِنَّ أَجَلَ ٱللَّهِ إِذَا جَاۤءَ لَا یُؤَخَّرُۚ لَوۡ كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ﴿٤﴾
[Пас, агар чунин кардед, Аллоҳ таоло] гуноҳони шуморо меомурзад ва шуморо то замони муайяне муҳлат медиҳад, зеро ҳангоме ки аҷали илоҳӣ фаро расад, таъхир нахоҳад дошт, агар медонистед»
قَالَ رَبِّ إِنِّی دَعَوۡتُ قَوۡمِی لَیۡلࣰا وَنَهَارࣰا ﴿٥﴾
Ва Нуҳ [пас аз насиҳату даъват] гуфт: «Парвардигоро, ба ростӣ, ки ман қавми худро шабу рӯз [ба имон] даъват кардам
فَلَمۡ یَزِدۡهُمۡ دُعَاۤءِیۤ إِلَّا فِرَارࣰا ﴿٦﴾
Вале даъвати ман ҷуз ба гурезашон [аз ҳақ] наафзуд
وَإِنِّی كُلَّمَا دَعَوۡتُهُمۡ لِتَغۡفِرَ لَهُمۡ جَعَلُوۤاْ أَصَـٰبِعَهُمۡ فِیۤ ءَاذَانِهِمۡ وَٱسۡتَغۡشَوۡاْ ثِیَابَهُمۡ وَأَصَرُّواْ وَٱسۡتَكۡبَرُواْ ٱسۡتِكۡبَارࣰا ﴿٧﴾
Ва ман ҳар чи даъваташон кардам, то саранҷоми ононро биёмурзӣ, ангуштони худро дар гӯшҳояшон фурӯ карданд ва либосҳояшонро [ба худ] печиданд ва [дар мухолифат] исрор [-у пофишорӣ] карданд ва ба шиддат гарданкашӣ ва такаббур намуданд
ثُمَّ إِنِّی دَعَوۡتُهُمۡ جِهَارࣰا ﴿٨﴾
Он гоҳ онҳоро бо садои баланд [ва ошкор] даъват кардам
ثُمَّ إِنِّیۤ أَعۡلَنتُ لَهُمۡ وَأَسۡرَرۡتُ لَهُمۡ إِسۡرَارࣰا ﴿٩﴾
Он гоҳ ошкоро барояшон гуфтам ва дар ниҳон барои [ҳар кадом аз] онон баён кардам
فَقُلۡتُ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ إِنَّهُۥ كَانَ غَفَّارࣰا ﴿١٠﴾
Пас, гуфтам: «Аз Парвардигори хеш омурзиш бихоҳед [ки] бе гумон, Ӯ бисёр омурзанда аст
یُرۡسِلِ ٱلسَّمَاۤءَ عَلَیۡكُم مِّدۡرَارࣰا ﴿١١﴾
То аз осмон [борони] паёпай бар шумо бифиристад
وَیُمۡدِدۡكُم بِأَمۡوَ ٰلࣲ وَبَنِینَ وَیَجۡعَل لَّكُمۡ جَنَّـٰتࣲ وَیَجۡعَل لَّكُمۡ أَنۡهَـٰرࣰا ﴿١٢﴾
Ва шуморо бо амволу фарзандони бисёр ёрӣ кунад, ба шумо боғҳои [сарсабз] бидиҳад ва бароятон ҷӯйборҳо[-и ҷорӣ] қарор диҳад
مَّا لَكُمۡ لَا تَرۡجُونَ لِلَّهِ وَقَارࣰا ﴿١٣﴾
Шуморо чи шудааст, ки барои Аллоҳ таоло азамат [-у шукӯҳ] қоил нестед?
وَقَدۡ خَلَقَكُمۡ أَطۡوَارًا ﴿١٤﴾
Дар ҳоле ки шуморо дар мароҳили гуногун офарид
أَلَمۡ تَرَوۡاْ كَیۡفَ خَلَقَ ٱللَّهُ سَبۡعَ سَمَـٰوَ ٰتࣲ طِبَاقࣰا ﴿١٥﴾
Оё намебинед, чи гуна Аллоҳ таоло ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид?
وَجَعَلَ ٱلۡقَمَرَ فِیهِنَّ نُورࣰا وَجَعَلَ ٱلشَّمۡسَ سِرَاجࣰا ﴿١٦﴾
Ва моҳро дар миёни осмонҳо мояи рӯшноӣ қарор дод ва хуршедро чароғи [фурӯзоне] гардонид?
وَٱللَّهُ أَنۢبَتَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ نَبَاتࣰا ﴿١٧﴾
Ва Аллоҳ таоло шуморо ҳамчун гиёҳе аз замин рӯёнид
ثُمَّ یُعِیدُكُمۡ فِیهَا وَیُخۡرِجُكُمۡ إِخۡرَاجࣰا ﴿١٨﴾
Сипас шуморо ба он [замин] бозмегардонад ва бори дигар шуморо берун меоварад
وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ بِسَاطࣰا ﴿١٩﴾
Ва Аллоҳ таоло заминро барои шумо густурда сохт
لِّتَسۡلُكُواْ مِنۡهَا سُبُلࣰا فِجَاجࣰا ﴿٢٠﴾
То аз роҳҳои паҳновари он [ба сӯйи мақсади худ] рафтуомад кунед»
قَالَ نُوحࣱ رَّبِّ إِنَّهُمۡ عَصَوۡنِی وَٱتَّبَعُواْ مَن لَّمۡ یَزِدۡهُ مَالُهُۥ وَوَلَدُهُۥۤ إِلَّا خَسَارࣰا ﴿٢١﴾
Нуҳ гуфт: «Парвардигоро, онҳо аз ман нофармонӣ намуданд ва аз касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандаш чизе ҷуз зиёнкорӣ бар ӯ наафзудааст
وَمَكَرُواْ مَكۡرࣰا كُبَّارࣰا ﴿٢٢﴾
Ва [он пешвоёни гумроҳ] найранги бузурге ба кор бурданд
وَقَالُواْ لَا تَذَرُنَّ ءَالِهَتَكُمۡ وَلَا تَذَرُنَّ وَدࣰّا وَلَا سُوَاعࣰا وَلَا یَغُوثَ وَیَعُوقَ وَنَسۡرࣰا ﴿٢٣﴾
Ва гуфтанд: «Маъбудони худро раҳо накунед ва [ба хусус] «Вадда» ва «Сувоъ» ва «Яғус» ва «Яъуқ» ва «Наср»-ро [раҳо накунед]
وَقَدۡ أَضَلُّواْ كَثِیرࣰاۖ وَلَا تَزِدِ ٱلظَّـٰلِمِینَ إِلَّا ضَلَـٰلࣰا ﴿٢٤﴾
Ба ростӣ, онҳо бисёреро гумроҳ карданд ва [ту эй Парвардигор] ситамгоронро ҷуз гумроҳӣ маафзой»
مِّمَّا خَطِیۤـَٔـٰتِهِمۡ أُغۡرِقُواْ فَأُدۡخِلُواْ نَارࣰا فَلَمۡ یَجِدُواْ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ أَنصَارࣰا ﴿٢٥﴾
[Саранҷом онон] Ба кайфари гуноҳонашон [ҳамагӣ] ғарқ шуданд, пас, дар оташ [-и дузах] дароварда шуданд ва дар баробари [азоби] илоҳӣ ёвар [-у мададгоре] барои худ наёфтанд
وَقَالَ نُوحࣱ رَّبِّ لَا تَذَرۡ عَلَى ٱلۡأَرۡضِ مِنَ ٱلۡكَـٰفِرِینَ دَیَّارًا ﴿٢٦﴾
Нуҳ гуфт: «Парвардигоро, ҳеҷ як аз кофиронро бар рӯйи замин боқӣ магузор
إِنَّكَ إِن تَذَرۡهُمۡ یُضِلُّواْ عِبَادَكَ وَلَا یَلِدُوۤاْ إِلَّا فَاجِرࣰا كَفَّارࣰا ﴿٢٧﴾
Чаро ки агар онҳоро боқӣ гузорӣ, бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ҷуз [насле] бадкор ва кофир ба вуҷуд намеоваранд
رَّبِّ ٱغۡفِرۡ لِی وَلِوَ ٰلِدَیَّ وَلِمَن دَخَلَ بَیۡتِیَ مُؤۡمِنࣰا وَلِلۡمُؤۡمِنِینَ وَٱلۡمُؤۡمِنَـٰتِۖ وَلَا تَزِدِ ٱلظَّـٰلِمِینَ إِلَّا تَبَارَۢا ﴿٢٨﴾
Парвардигоро, маро ва падару модарам ва ҳар он касеро, ки бо имон вориди хонаи ман мешавад ва [тамоми] мардони муъмин ва занони муъминро биёмурз ва ситамгоронро ҷуз ҳалокат [ва нобудӣ] маафзо»