Surah Сураи Қиёмат - Al-Qiyāmah

Surah Сураи Қиёмат - Al-Qiyāmah

Tajik Тоҷикӣ Translation40 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Қиёмат - Al-Qiyāmah.
لَاۤ أُقۡسِمُ بِیَوۡمِ ٱلۡقِیَـٰمَةِ ﴿١﴾
Ба рӯзи қиёмат савганд мехӯрам(1)
Tafseer:
وَلَاۤ أُقۡسِمُ بِٱلنَّفۡسِ ٱللَّوَّامَةِ ﴿٢﴾
Ва ба нафси маломатгар савганд мехӯрам(2)
Tafseer:
أَیَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَـٰنُ أَلَّن نَّجۡمَعَ عِظَامَهُۥ ﴿٣﴾
Оё инсон мепиндорад, ки [пас аз марг] ҳаргиз устухонҳояшро ҷамъ нахоҳем кард?(3)
Tafseer:
بَلَىٰ قَـٰدِرِینَ عَلَىٰۤ أَن نُّسَوِّیَ بَنَانَهُۥ ﴿٤﴾
Оре, Мо қодирем, ки [ҳатто хутути сари] ангуштонашро яксону мураттаб кунем.(4)
Tafseer:
بَلۡ یُرِیدُ ٱلۡإِنسَـٰنُ لِیَفۡجُرَ أَمَامَهُۥ ﴿٥﴾
Балки инсон мехоҳад, ки [озодона ва бидуни тарс аз охират] дар гуноҳу бадкорӣ мудовимат кунад(5)
Tafseer:
یَسۡـَٔلُ أَیَّانَ یَوۡمُ ٱلۡقِیَـٰمَةِ ﴿٦﴾
[Аз ин рӯ] Мепурсад: «Рӯзи қиёмат кай хоҳад буд?»(6)
Tafseer:
فَإِذَا بَرِقَ ٱلۡبَصَرُ ﴿٧﴾
Пас, ҳангоме ки чашм хира шавад(7)
Tafseer:
وَخَسَفَ ٱلۡقَمَرُ ﴿٨﴾
Ва моҳ тира [ва бе нур] гардад(8)
Tafseer:
وَجُمِعَ ٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ ﴿٩﴾
Ва хуршеду моҳ як ҷо ҷамъ шаванд(9)
Tafseer:
یَقُولُ ٱلۡإِنسَـٰنُ یَوۡمَىِٕذٍ أَیۡنَ ٱلۡمَفَرُّ ﴿١٠﴾
Он рӯз инсон мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»(10)
Tafseer:
كَلَّا لَا وَزَرَ ﴿١١﴾
Ҳаргиз! Ҳеҷ гурезгоҳе нест(11)
Tafseer:
إِلَىٰ رَبِّكَ یَوۡمَىِٕذٍ ٱلۡمُسۡتَقَرُّ ﴿١٢﴾
Он рӯз қароргоҳ [-и ниҳоне] ба сӯйи Парвардигори туст(12)
Tafseer:
یُنَبَّؤُاْ ٱلۡإِنسَـٰنُ یَوۡمَىِٕذِۭ بِمَا قَدَّمَ وَأَخَّرَ ﴿١٣﴾
Ва дар он рӯз инсонро аз тамоми корҳое, ки аз пеш ё пас фиристода, огоҳ мекунанд(13)
Tafseer:
بَلِ ٱلۡإِنسَـٰنُ عَلَىٰ نَفۡسِهِۦ بَصِیرَةࣱ ﴿١٤﴾
Балки инсон ба хубӣ бар хештан огоҳ аст(14)
Tafseer:
وَلَوۡ أَلۡقَىٰ مَعَاذِیرَهُۥ ﴿١٥﴾
Агарчи [дар дифоъ аз худ] узрҳояшро дар миён оварад(15)
Tafseer:
لَا تُحَرِّكۡ بِهِۦ لِسَانَكَ لِتَعۡجَلَ بِهِۦۤ ﴿١٦﴾
[Эй паёмбар, ҳангоми нузули Қуръон] забонатро барои [такрор ва хондани] он шитобзада ҳаракат мадеҳ(16)
Tafseer:
إِنَّ عَلَیۡنَا جَمۡعَهُۥ وَقُرۡءَانَهُۥ ﴿١٧﴾
Мусалламан, ҷамъоварӣ ва хондани он бар [уҳдаи] Мост(17)
Tafseer:
فَإِذَا قَرَأۡنَـٰهُ فَٱتَّبِعۡ قُرۡءَانَهُۥ ﴿١٨﴾
Пас, ҳар гоҳ [тавассути Ҷабраил] онро [бар ту] хондем, аз хондани ӯ пайравӣ кун(18)
Tafseer:
ثُمَّ إِنَّ عَلَیۡنَا بَیَانَهُۥ ﴿١٩﴾
Сипас баён карданаш бар [уҳдаи] Мост(19)
Tafseer:
كَلَّا بَلۡ تُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ ﴿٢٠﴾
Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мушрикон мепиндоред]! Балки дунё [-и зудгузар]-ро дӯст медоред(20)
Tafseer:
وَتَذَرُونَ ٱلۡـَٔاخِرَةَ ﴿٢١﴾
Ва охиратро раҳо мекунед(21)
Tafseer:
وُجُوهࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ نَّاضِرَةٌ ﴿٢٢﴾
Он рӯз чеҳраҳое тоза [ва шодоб] аст(22)
Tafseer:
إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةࣱ ﴿٢٣﴾
Ба сӯйи Парвардигораш менигарад(23)
Tafseer:
وَوُجُوهࣱ یَوۡمَىِٕذِۭ بَاسِرَةࣱ ﴿٢٤﴾
Ва дар он рӯз чеҳраҳое абус [ва дарҳамкашида] аст(24)
Tafseer:
تَظُنُّ أَن یُفۡعَلَ بِهَا فَاقِرَةࣱ ﴿٢٥﴾
Яқин дорад, ки осебе камаршикан ба ӯ мерасад(25)
Tafseer:
كَلَّاۤ إِذَا بَلَغَتِ ٱلتَّرَاقِیَ ﴿٢٦﴾
Оре, чун [ҷон] ба гулугоҳаш бирасад(26)
Tafseer:
وَقِیلَ مَنۡۜ رَاقࣲ ﴿٢٧﴾
Ва гуфта шавад: «Чи касест, ки афсун бихонад? [Ва ӯро наҷот диҳад](27)
Tafseer:
وَظَنَّ أَنَّهُ ٱلۡفِرَاقُ ﴿٢٨﴾
Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ [аз дунё] аст.(28)
Tafseer:
وَٱلۡتَفَّتِ ٱلسَّاقُ بِٱلسَّاقِ ﴿٢٩﴾
Ва [кор боло гирад ва] соқҳо[-и пояш аз сахтии ҷон додан] ба ҳам печад.(29)
Tafseer:
إِلَىٰ رَبِّكَ یَوۡمَىِٕذٍ ٱلۡمَسَاقُ ﴿٣٠﴾
Дар он рӯз масири ҳама ба сӯйи Парвардигорат хоҳад буд(30)
Tafseer:
فَلَا صَدَّقَ وَلَا صَلَّىٰ ﴿٣١﴾
Пас, [мункири меод] на тасдиқ карда ва на намоз гузоридааст(31)
Tafseer:
وَلَـٰكِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ ﴿٣٢﴾
Балки [Қуръонро] такзиб кард ва [аз имон] рӯ гардонд(32)
Tafseer:
ثُمَّ ذَهَبَ إِلَىٰۤ أَهۡلِهِۦ یَتَمَطَّىٰۤ ﴿٣٣﴾
Сипас хиромон ба сӯйи хонаводааш бозгашт(33)
Tafseer:
أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰ ﴿٣٤﴾
Вой бар ту! Пас, вой бар ту!(34)
Tafseer:
ثُمَّ أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰۤ ﴿٣٥﴾
Боз ҳам вой бар ту! Пас, вой бар ту!(35)
Tafseer:
أَیَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَـٰنُ أَن یُتۡرَكَ سُدًى ﴿٣٦﴾
Оё инсон гумон мекунад, ки [бе ҳадаф ва бидуни ҳисоб ва ҷазо] ба худ раҳо мешавад?(36)
Tafseer:
أَلَمۡ یَكُ نُطۡفَةࣰ مِّن مَّنِیࣲّ یُمۡنَىٰ ﴿٣٧﴾
Оё [ӯ] нутфае аз манӣ набуд, ки [дар раҳим] рехта мешавад?(37)
Tafseer:
ثُمَّ كَانَ عَلَقَةࣰ فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ ﴿٣٨﴾
Он гоҳ ба сурати хуни баста даромад ва [Аллоҳ таоло ӯро] офарид ва дурусту устувор сохт(38)
Tafseer:
فَجَعَلَ مِنۡهُ ٱلزَّوۡجَیۡنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰۤ ﴿٣٩﴾
Сипас аз ӯ ду завҷи нару мода падид овард(39)
Tafseer:
أَلَیۡسَ ذَ ٰ⁠لِكَ بِقَـٰدِرٍ عَلَىٰۤ أَن یُحۡـِۧیَ ٱلۡمَوۡتَىٰ ﴿٤٠﴾
Оё [чунин Офаридгоре] қодир нест, ки мурдагонро [дубора] зинда кунад?(40)
Tafseer:

تسجيل الدخول / إنشاء حساب

أدخل بريدك الإلكتروني ليصلك رمز الدخول السريع (بدون كلمة مرور)