This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Мутаффифин (Камкунандагон) - Al-Mutaffifīn.
وَیۡلࣱ لِّلۡمُطَفِّفِینَ
﴿١﴾
Вой бар камфурӯшон!(1)
Tafseer:
ٱلَّذِینَ إِذَا ٱكۡتَالُواْ عَلَى ٱلنَّاسِ یَسۡتَوۡفُونَ
﴿٢﴾
Касоне, ки чун [барои худ] аз мардум паймона мекунанд, ҳаққи худро комил мегиранд(2)
Tafseer:
وَإِذَا كَالُوهُمۡ أَو وَّزَنُوهُمۡ یُخۡسِرُونَ
﴿٣﴾
Ва ҳангоме ки [мехоҳанд] барои онон паймона ё вазн кунанд, кам мегузоранд(3)
Tafseer:
أَلَا یَظُنُّ أُوْلَـٰۤىِٕكَ أَنَّهُم مَّبۡعُوثُونَ
﴿٤﴾
Оё онҳо гумон намекунанд, ки [қиёмат фаро мерасад ва аз қабрҳо] барангехта мешаванд(4)
Tafseer:
لِیَوۡمٍ عَظِیمࣲ
﴿٥﴾
Дар рӯзе бузург?(5)
Tafseer:
یَوۡمَ یَقُومُ ٱلنَّاسُ لِرَبِّ ٱلۡعَـٰلَمِینَ
﴿٦﴾
[Ҳамон] Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд(6)
Tafseer:
كَلَّاۤ إِنَّ كِتَـٰبَ ٱلۡفُجَّارِ لَفِی سِجِّینࣲ
﴿٧﴾
Ҳаргиз чунин нест [ки кофирон пиндоштаанд]! Ба ростӣ, ки номаи [аъмоли] бадкорон дар сиҷҷин аст(7)
Tafseer:
وَمَاۤ أَدۡرَىٰكَ مَا سِجِّینࣱ
﴿٨﴾
Ва ту чи донӣ, ки сиҷҷин чист?(8)
Tafseer:
كِتَـٰبࣱ مَّرۡقُومࣱ
﴿٩﴾
Китобест, ки [аъмоли бадкорон дар он] навишта шудааст(9)
Tafseer:
وَیۡلࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِینَ
﴿١٠﴾
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!(10)
Tafseer:
ٱلَّذِینَ یُكَذِّبُونَ بِیَوۡمِ ٱلدِّینِ
﴿١١﴾
Онон, ки рӯзи ҷазоро [инкор ва] такзиб мекунанд(11)
Tafseer:
وَمَا یُكَذِّبُ بِهِۦۤ إِلَّا كُلُّ مُعۡتَدٍ أَثِیمٍ
﴿١٢﴾
Ва ҷуз ситамкорони гунаҳкор [касе] он [рӯз]-ро такзиб намекунад(12)
Tafseer:
إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَیۡهِ ءَایَـٰتُنَا قَالَ أَسَـٰطِیرُ ٱلۡأَوَّلِینَ
﴿١٣﴾
Ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ тиловат шавад, гӯяд: «[Ин] Афсонаҳои гузаштагон аст»(13)
Tafseer:
كَلَّاۖ بَلۡۜ رَانَ عَلَىٰ قُلُوبِهِم مَّا كَانُواْ یَكۡسِبُونَ
﴿١٤﴾
Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо гумон мекунанд]; балки [ба сабаби] он чӣ кардаанд, бар дилҳояшон зангор бастааст(14)
Tafseer:
كَلَّاۤ إِنَّهُمۡ عَن رَّبِّهِمۡ یَوۡمَىِٕذࣲ لَّمَحۡجُوبُونَ
﴿١٥﴾
Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо мепиндоранд]. Бе гумон, онон дар он рӯз аз [дидори] Парвардигорашон маҳруманд(15)
Tafseer:
ثُمَّ إِنَّهُمۡ لَصَالُواْ ٱلۡجَحِیمِ
﴿١٦﴾
Ва [баъд аз ҳисоб] мусалламан вориди дузах мешаванд(16)
Tafseer:
ثُمَّ یُقَالُ هَـٰذَا ٱلَّذِی كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ
﴿١٧﴾
Онгоҳ ба эшон гуфта мешавад: «Ин [оташ] ҳамон чизест, ки онро такзиб мекардед»(17)
Tafseer:
كَلَّاۤ إِنَّ كِتَـٰبَ ٱلۡأَبۡرَارِ لَفِی عِلِّیِّینَ
﴿١٨﴾
Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо мепиндоранд]; бе гумон, номаи [аъмоли] накукорон дар «илиййин» аст(18)
Tafseer:
وَمَاۤ أَدۡرَىٰكَ مَا عِلِّیُّونَ
﴿١٩﴾
Ва ту чи донӣ, ки «илиййин» чист?(19)
Tafseer:
كِتَـٰبࣱ مَّرۡقُومࣱ
﴿٢٠﴾
Китобест, ки [аъмоли бадкорон дар он] навишта шудааст(20)
Tafseer:
یَشۡهَدُهُ ٱلۡمُقَرَّبُونَ
﴿٢١﴾
Ки муқаррабони [даргоҳи илоҳӣ] бар он ҳозир шаванд [ва гувоҳӣ диҳанд](21)
Tafseer:
إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِی نَعِیمٍ
﴿٢٢﴾
Ҳамоно накукорон дар неъмат [-ҳои биҳишт] ҳастанд(22)
Tafseer:
عَلَى ٱلۡأَرَاۤىِٕكِ یَنظُرُونَ
﴿٢٣﴾
Бар тахтҳо [такя зада ва] менигаранд(23)
Tafseer:
تَعۡرِفُ فِی وُجُوهِهِمۡ نَضۡرَةَ ٱلنَّعِیمِ
﴿٢٤﴾
Хуррамӣ ва нишоти неъматро дар чеҳраҳояшон [мебинӣ ва] мешиносӣ(24)
Tafseer:
یُسۡقَوۡنَ مِن رَّحِیقࣲ مَّخۡتُومٍ
﴿٢٥﴾
Онҳо аз шароби ноби муҳршуда [нӯшонида ва] сероб мешаванд(25)
Tafseer:
خِتَـٰمُهُۥ مِسۡكࣱۚ وَفِی ذَ ٰلِكَ فَلۡیَتَنَافَسِ ٱلۡمُتَنَـٰفِسُونَ
﴿٢٦﴾
Муҳре, ки бар он ниҳодашуда аз мушк аст ва дар ин [шароб ва дигар неъматҳои биҳиштӣ] муштоқон [-и раҳмат] бояд бар якдигар пешӣ гиранд(26)
Tafseer:
وَمِزَاجُهُۥ مِن تَسۡنِیمٍ
﴿٢٧﴾
Ва омезааш аз тасним аст(27)
Tafseer:
عَیۡنࣰا یَشۡرَبُ بِهَا ٱلۡمُقَرَّبُونَ
﴿٢٨﴾
[Ҳамон] чашмае, ки муқаррабон [-и даргоҳи илоҳӣ] аз он менӯшанд(28)
Tafseer:
إِنَّ ٱلَّذِینَ أَجۡرَمُواْ كَانُواْ مِنَ ٱلَّذِینَ ءَامَنُواْ یَضۡحَكُونَ
﴿٢٩﴾
Ҳамоно касоне, ки ҷурму гуноҳ карданд, пайваста [дар дунё] бар касоне, ки имон оварда буданд, механдиданд(29)
Tafseer:
وَإِذَا مَرُّواْ بِهِمۡ یَتَغَامَزُونَ
﴿٣٠﴾
Ва ҳар гоҳ [муъминон] аз канорашон мегузаштанд, бо чашму абрӯ ба ҳам ишора мекарданд [ва ононро ба сухрия мегирифтанд](30)
Tafseer:
وَإِذَا ٱنقَلَبُوۤاْ إِلَىٰۤ أَهۡلِهِمُ ٱنقَلَبُواْ فَكِهِینَ
﴿٣١﴾
Ва чун ба сӯйи хонаводаи худ бозмегаштанд, [ба хотири тамасхури муъминон] шодмону хандон буданд(31)
Tafseer:
وَإِذَا رَأَوۡهُمۡ قَالُوۤاْ إِنَّ هَـٰۤؤُلَاۤءِ لَضَاۤلُّونَ
﴿٣٢﴾
Ва ҳангоме ки муъминонро медиданд, мегуфтанд: «Бе гумон, инон гумроҳонанд»(32)
Tafseer:
وَمَاۤ أُرۡسِلُواْ عَلَیۡهِمۡ حَـٰفِظِینَ
﴿٣٣﴾
Дар ҳоле ки онон барои муроқибат [ва нигаҳбонӣ] бар муъминон фиристода нашуда буданд(33)
Tafseer:
فَٱلۡیَوۡمَ ٱلَّذِینَ ءَامَنُواْ مِنَ ٱلۡكُفَّارِ یَضۡحَكُونَ
﴿٣٤﴾
Вале имрӯз касоне, ки имон овардаанд, ба кофирон механданд(34)
Tafseer:
عَلَى ٱلۡأَرَاۤىِٕكِ یَنظُرُونَ
﴿٣٥﴾
Бар тахтҳо [-и ороста нишаста ва ба неъматҳои илоҳӣ] менигаранд(35)
Tafseer:
هَلۡ ثُوِّبَ ٱلۡكُفَّارُ مَا كَانُواْ یَفۡعَلُونَ
﴿٣٦﴾
Оё кофирон [бо чашидани азоб] ҷазои он чиро, ки мекарданд, дарёфт намудаанд?(36)
Tafseer: