Surah Сураи Буруҷ (Бурҷҳо) - Al-Burūj

Surah Сураи Буруҷ (Бурҷҳо) - Al-Burūj

Tajik Тоҷикӣ Translation22 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Буруҷ (Бурҷҳо) - Al-Burūj.
وَٱلسَّمَاۤءِ ذَاتِ ٱلۡبُرُوجِ ﴿١﴾
Савганд ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост(1)
Tafseer:
وَٱلۡیَوۡمِ ٱلۡمَوۡعُودِ ﴿٢﴾
Ва савганд ба рӯзи мавъуд [қиёмат](2)
Tafseer:
وَشَاهِدࣲ وَمَشۡهُودࣲ ﴿٣﴾
Ва савганд ба ҳар ки гувоҳӣ диҳад ва ба ҳар ки мавриди гувоҳӣ қарор гирад(3)
Tafseer:
قُتِلَ أَصۡحَـٰبُ ٱلۡأُخۡدُودِ ﴿٤﴾
Марг бар одамсӯзони хандақ!(4)
Tafseer:
ٱلنَّارِ ذَاتِ ٱلۡوَقُودِ ﴿٥﴾
[Ҳамон оташи] Афрӯхта аз ҳезумҳои бисёр [ки муъминонро дар он месӯзонданд];(5)
Tafseer:
إِذۡ هُمۡ عَلَیۡهَا قُعُودࣱ ﴿٦﴾
ҳангоме ки бар [канораи] он нишаста буданд(6)
Tafseer:
وَهُمۡ عَلَىٰ مَا یَفۡعَلُونَ بِٱلۡمُؤۡمِنِینَ شُهُودࣱ ﴿٧﴾
Ва он чиро бо муъминон анҷом медоданд, тамошо мекарданд(7)
Tafseer:
وَمَا نَقَمُواْ مِنۡهُمۡ إِلَّاۤ أَن یُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ ٱلۡعَزِیزِ ٱلۡحَمِیدِ ﴿٨﴾
Ва ҳеҷ эроде аз онон нагирифтанд, ҷуз ин ки ба Аллоҳи пирӯзманди сутуда имон оварда буданд(8)
Tafseer:
ٱلَّذِی لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَـٰوَ ٰ⁠تِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَیۡءࣲ شَهِیدٌ ﴿٩﴾
[Ҳамон] Касе, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ аст(9)
Tafseer:
إِنَّ ٱلَّذِینَ فَتَنُواْ ٱلۡمُؤۡمِنِینَ وَٱلۡمُؤۡمِنَـٰتِ ثُمَّ لَمۡ یَتُوبُواْ فَلَهُمۡ عَذَابُ جَهَنَّمَ وَلَهُمۡ عَذَابُ ٱلۡحَرِیقِ ﴿١٠﴾
Ба ростӣ, касоне, ки мардону занони муъминро шиканҷа [ва озор] доданд ва пас [аз анҷоми он кор] тавба накарданд, пас, барои эшон азоби ҷаҳаннам [муҳайё] аст ва азоби оташ [дар пеш доранд](10)
Tafseer:
إِنَّ ٱلَّذِینَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَـٰتِ لَهُمۡ جَنَّـٰتࣱ تَجۡرِی مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَـٰرُۚ ذَ ٰ⁠لِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡكَبِیرُ ﴿١١﴾
Ҳамоно барои касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, боғҳое [аз биҳишт] аст, ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ва ин аст комёбии бузург(11)
Tafseer:
إِنَّ بَطۡشَ رَبِّكَ لَشَدِیدٌ ﴿١٢﴾
Бе гумон, [муҷозоту] сахтгирии Парвардигорат бисёр шадид аст(12)
Tafseer:
إِنَّهُۥ هُوَ یُبۡدِئُ وَیُعِیدُ ﴿١٣﴾
Дар ҳақиқат, Ӯст, ки [офаринишро] оғоз мекунад ва дубора [баъд аз марг] бозмегардонад(13)
Tafseer:
وَهُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلۡوَدُودُ ﴿١٤﴾
Ва ҳам Ӯ омурзанда [ва] дӯстор [-и муъминон] аст(14)
Tafseer:
ذُو ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡمَجِیدُ ﴿١٥﴾
[Ӯ Аллоҳ таоло] Соҳиби Арш, [ва] баландмартаба [ва шукӯҳманд] аст(15)
Tafseer:
فَعَّالࣱ لِّمَا یُرِیدُ ﴿١٦﴾
[Ва] Он чиро бихоҳад, анҷом медиҳад(16)
Tafseer:
هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِیثُ ٱلۡجُنُودِ ﴿١٧﴾
[Эй Паёмбар] Оё достони лашкариён [-и ҳақситез] ба ту расидааст?(17)
Tafseer:
فِرۡعَوۡنَ وَثَمُودَ ﴿١٨﴾
[Лашкари] Фиръавн ва [қавми] Самуд(18)
Tafseer:
بَلِ ٱلَّذِینَ كَفَرُواْ فِی تَكۡذِیبࣲ ﴿١٩﴾
Балки касоне, ки кофир шуданд, пайваста дар такзиб [-и ҳақ] ҳастанд(19)
Tafseer:
وَٱللَّهُ مِن وَرَاۤىِٕهِم مُّحِیطُۢ ﴿٢٠﴾
Ва Аллоҳ таоло аз ҳар сӯ бар онон иҳота дорад(20)
Tafseer:
بَلۡ هُوَ قُرۡءَانࣱ مَّجِیدࣱ ﴿٢١﴾
Оре, ин [оёт шеъру сеҳр нест, балки] Қуръони шукӯҳманд аст(21)
Tafseer:
فِی لَوۡحࣲ مَّحۡفُوظِۭ ﴿٢٢﴾
Дар Лавҳи маҳфуз [аз ҳар гуна таҳрифу табдил дар амон] аст(22)
Tafseer:

تسجيل الدخول / إنشاء حساب

أدخل بريدك الإلكتروني ليصلك رمز الدخول السريع (بدون كلمة مرور)