Surah Сураи Лайл (Шаб) - Al-Layl

Tajik Тоҷикӣ Translation21 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Лайл (Шаб) - Al-Layl.
وَٱلَّیۡلِ إِذَا یَغۡشَىٰ ﴿١﴾
Савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳама чизро] бипӯшонад (1)
Tafseer:
وَٱلنَّهَارِ إِذَا تَجَلَّىٰ ﴿٢﴾
Ва савганд ба рӯз, ҳангоме ки ошкор шавад (2)
Tafseer:
وَمَا خَلَقَ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰۤ ﴿٣﴾
Ва савганд ба он ки нару модаро офарид (3)
Tafseer:
إِنَّ سَعۡیَكُمۡ لَشَتَّىٰ ﴿٤﴾
Ки, яқинан, саъй [-ю талош]-и шумо мухталиф [ва неку бад] аст (4)
Tafseer:
فَأَمَّا مَنۡ أَعۡطَىٰ وَٱتَّقَىٰ ﴿٥﴾
Ва аммо касе, ки [дар роҳи Аллоҳ таоло] бахшид ва парҳезкорӣ кард (5)
Tafseer:
وَصَدَّقَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ ﴿٦﴾
Ва [ваъдаи Аллоҳ таоло ва суханони] некро тасдиқ кард (6)
Tafseer:
فَسَنُیَسِّرُهُۥ لِلۡیُسۡرَىٰ ﴿٧﴾
Пас, Мо [анҷоми аъмоли наку ва инфоқ дар роҳи Аллоҳро] барояш осон месозем (7)
Tafseer:
وَأَمَّا مَنۢ بَخِلَ وَٱسۡتَغۡنَىٰ ﴿٨﴾
Ва аммо касе, ки бухл варзид ва бениёзӣ талабид (8)
Tafseer:
وَكَذَّبَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ ﴿٩﴾
Ва [ваъдаи Аллоҳ таоло ва суханони] некро такзиб кард (9)
Tafseer:
فَسَنُیَسِّرُهُۥ لِلۡعُسۡرَىٰ ﴿١٠﴾
Пас, Мо [анҷоми аъмоли шарру палидро] барояш осон месозем (10)
Tafseer:
وَمَا یُغۡنِی عَنۡهُ مَالُهُۥۤ إِذَا تَرَدَّىٰۤ ﴿١١﴾
Ва дар ҳангом [-и маргу] вуруд ба дузах дороияш ба ҳоли ӯ суде нахоҳад дошт (11)
Tafseer:
إِنَّ عَلَیۡنَا لَلۡهُدَىٰ ﴿١٢﴾
Мусалламан, ҳидоят [-и бандагон] бар [уҳдаи] Мост (12)
Tafseer:
وَإِنَّ لَنَا لَلۡـَٔاخِرَةَ وَٱلۡأُولَىٰ ﴿١٣﴾
Ва қатъан охират ва дунё [низ] аз они Мост (13)
Tafseer:
فَأَنذَرۡتُكُمۡ نَارࣰا تَلَظَّىٰ ﴿١٤﴾
Пас, ман шуморо аз оташе шуълавар бим додам (14)
Tafseer:
لَا یَصۡلَىٰهَاۤ إِلَّا ٱلۡأَشۡقَى ﴿١٥﴾
Ки ҷуз бадбахттарин [-и мардум] дар он наафтад (15)
Tafseer:
ٱلَّذِی كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ ﴿١٦﴾
[Ҳамон] Касе, ки [оёти Моро] такзиб кард ва рӯ гардонид (16)
Tafseer:
وَسَیُجَنَّبُهَا ٱلۡأَتۡقَى ﴿١٧﴾
Ва ба зудӣ парҳезкортарин [-и мардум] аз он дур нигаҳ дошта мешавад (17)
Tafseer:
ٱلَّذِی یُؤۡتِی مَالَهُۥ یَتَزَكَّىٰ ﴿١٨﴾
[Ҳамон] Касе, ки моли худро [дар роҳи Аллоҳ таоло] мебахшад, то [аз гуноҳ] пок шавад (18)
Tafseer:
وَمَا لِأَحَدٍ عِندَهُۥ مِن نِّعۡمَةࣲ تُجۡزَىٰۤ ﴿١٩﴾
Ва ҳеҷ касро ба қасди подош ёфтани неъмат намебахшад (19)
Tafseer:
إِلَّا ٱبۡتِغَاۤءَ وَجۡهِ رَبِّهِ ٱلۡأَعۡلَىٰ ﴿٢٠﴾
Магар [барои] касби ризо [ва хушнудии] Парвардигори бартараш (20)
Tafseer:
وَلَسَوۡفَ یَرۡضَىٰ ﴿٢١﴾
Ва ба ростӣ, ки [бо подоши Аллоҳ таоло] хушнуд хоҳад шуд (21)
Tafseer: