Surah Сураи Алақ (Хунлахта) - Al-‘Alaq

Tajik Тоҷикӣ Translation19 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Алақ (Хунлахта) - Al-‘Alaq.
ٱقۡرَأۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلَّذِی خَلَقَ ﴿١﴾
[Эй Паёмбар] Бихон ба номи Парвардигорат, ки [ҳастиро] офарид (1)
Tafseer:
خَلَقَ ٱلۡإِنسَـٰنَ مِنۡ عَلَقٍ ﴿٢﴾
[Ҳамон Парвардигоре, ки] Инсонро аз хуни баста офарид (2)
Tafseer:
ٱقۡرَأۡ وَرَبُّكَ ٱلۡأَكۡرَمُ ﴿٣﴾
Бихон ва Парвардигорат [аз ҳама] бузургворатр аст (3)
Tafseer:
ٱلَّذِی عَلَّمَ بِٱلۡقَلَمِ ﴿٤﴾
[Ҳамон] Касе, ки ба василаи қалам [навиштан] омӯхт (4)
Tafseer:
عَلَّمَ ٱلۡإِنسَـٰنَ مَا لَمۡ یَعۡلَمۡ ﴿٥﴾
Ба инсон он чиро, ки намедонист, омӯхт (5)
Tafseer:
كَلَّاۤ إِنَّ ٱلۡإِنسَـٰنَ لَیَطۡغَىٰۤ ﴿٦﴾
Чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ҳаққо, ки инсон туғён [ва саркашӣ] мекунад (6)
Tafseer:
أَن رَّءَاهُ ٱسۡتَغۡنَىٰۤ ﴿٧﴾
[Баъд] Аз ин ки худро бениёз [ва тавонгар] бубинад (7)
Tafseer:
إِنَّ إِلَىٰ رَبِّكَ ٱلرُّجۡعَىٰۤ ﴿٨﴾
Яқинан, бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Парвардигори туст (8)
Tafseer:
أَرَءَیۡتَ ٱلَّذِی یَنۡهَىٰ ﴿٩﴾
[Эй Паёмбар] Оё дидаӣ он касе, ки [аз ибодати Аллоҳ таоло] бозмедорад (9)
Tafseer:
عَبۡدًا إِذَا صَلَّىٰۤ ﴿١٠﴾
Бандаеро, ҳангоме ки намоз мехонад (10)
Tafseer:
أَرَءَیۡتَ إِن كَانَ عَلَى ٱلۡهُدَىٰۤ ﴿١١﴾
Ба ман хабар бидеҳ, агар ин [банда] бар [роҳи] ҳидоят бошад (11)
Tafseer:
أَوۡ أَمَرَ بِٱلتَّقۡوَىٰۤ ﴿١٢﴾
[Мардумро] Ба парҳезкорӣ фармон диҳад [пас, сазои касе, ки чунин бандаеро биёзорад чист?] (12)
Tafseer:
أَرَءَیۡتَ إِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰۤ ﴿١٣﴾
Ба ман хабар деҳ, агар ин [шахси саркаш ҳақро] такзиб кард ва рӯйгардон шуд [оё сазовори азоб нест?] (13)
Tafseer:
أَلَمۡ یَعۡلَم بِأَنَّ ٱللَّهَ یَرَىٰ ﴿١٤﴾
Оё намедонад, ки бе тардид, Аллоҳ таоло [ҳама аъмолашро] мебинад? (14)
Tafseer:
كَلَّا لَىِٕن لَّمۡ یَنتَهِ لَنَسۡفَعَۢا بِٱلنَّاصِیَةِ ﴿١٥﴾
Чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; агар боз наояд [ва даст аз шарорат барнадорад], ҳатман, мӯйи пешониашро ба сахтӣ хоҳем гирифт [ва ба сӯйи дузах хоҳем кашонид] (15)
Tafseer:
نَاصِیَةࣲ كَـٰذِبَةٍ خَاطِئَةࣲ ﴿١٦﴾
Мӯйи пешонии [ҳамон] дурӯғгӯи хатокорро (16)
Tafseer:
فَلۡیَدۡعُ نَادِیَهُۥ ﴿١٧﴾
Пас, бояд ҳаммаҷлисонашро [ба кумак] бихонад (17)
Tafseer:
سَنَدۡعُ ٱلزَّبَانِیَةَ ﴿١٨﴾
Мо [низ] оташбонони [дузах]-ро фаро хоҳем хонд (18)
Tafseer:
كَلَّا لَا تُطِعۡهُ وَٱسۡجُدۡ وَٱقۡتَرِب ۩ ﴿١٩﴾
Чунин нест [ки ӯ мепиндорад]; ҳаргиз ӯро итоат макун ва саҷда кун ва [ба Аллоҳ таоло] тақарруб ҷӯй (19)
Tafseer: