Surah Сураи Мурсалот (Бодҳо) - Al-Mursalāt

Tajik Тоҷикӣ Translation50 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Мурсалот (Бодҳо) - Al-Mursalāt.
وَٱلۡمُرۡسَلَـٰتِ عُرۡفࣰا ﴿١﴾
Савганд ба фариштагоне, ки паёпай фиристода мешаванд (1)
Tafseer:
فَٱلۡعَـٰصِفَـٰتِ عَصۡفࣰا ﴿٢﴾
Ҳамчун тундбод мераванд (2)
Tafseer:
وَٱلنَّـٰشِرَ ٰ⁠تِ نَشۡرࣰا ﴿٣﴾
Ва савганд ба фариштагоне, ки [абрҳоро] пароканда мекунанд (3)
Tafseer:
فَٱلۡفَـٰرِقَـٰتِ فَرۡقࣰا ﴿٤﴾
Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаи [ҳақ аз ботил] ҳастанд (4)
Tafseer:
فَٱلۡمُلۡقِیَـٰتِ ذِكۡرًا ﴿٥﴾
Ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳй [-и илоҳӣ]-ро [ба паёмбарон] илқо мекунанд (5)
Tafseer:
عُذۡرًا أَوۡ نُذۡرًا ﴿٦﴾
Барои итмоми ҳуҷҷат, барои бим ва ҳушдор (6)
Tafseer:
إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَ ٰ⁠قِعࣱ ﴿٧﴾
Бе гумон, он чи ба шумо ваъда дода мешавад, воқеъ хоҳад шуд (7)
Tafseer:
فَإِذَا ٱلنُّجُومُ طُمِسَتۡ ﴿٨﴾
Пас, он гоҳ ки ситорагон тира [ва маҳв] шавад (8)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلسَّمَاۤءُ فُرِجَتۡ ﴿٩﴾
Ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад (9)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ نُسِفَتۡ ﴿١٠﴾
Ва он гоҳ ки кӯҳҳо [аз ҷо канда ва] пароканда шавад (10)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلرُّسُلُ أُقِّتَتۡ ﴿١١﴾
Ва он гоҳ ки барои паёмбарон [ҷиҳати гувоҳӣ додан дар мавриди умматҳо] вақт таъйин шавад (11)
Tafseer:
لِأَیِّ یَوۡمٍ أُجِّلَتۡ ﴿١٢﴾
Ин [амр] барои чи рӯзе ба таъхир афтодааст? (12)
Tafseer:
لِیَوۡمِ ٱلۡفَصۡلِ ﴿١٣﴾
Барои рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] (13)
Tafseer:
وَمَاۤ أَدۡرَىٰكَ مَا یَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ ﴿١٤﴾
Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] чист? (14)
Tafseer:
وَیۡلࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِینَ ﴿١٥﴾
Дар он рӯз [қиёмат] вой бар такзибкунандагон! (15)
Tafseer:
أَلَمۡ نُهۡلِكِ ٱلۡأَوَّلِینَ ﴿١٦﴾
Оё мо пешиниён[-и муҷрим]-ро нобуд накардем? (16)
Tafseer:
ثُمَّ نُتۡبِعُهُمُ ٱلۡـَٔاخِرِینَ ﴿١٧﴾
Сипас дигаронро дар пайи онҳо хоҳем овард (17)
Tafseer:
كَذَ ٰ⁠لِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِینَ ﴿١٨﴾
Ин чунин бо гунаҳгорон рафтор мекунем (18)
Tafseer:
وَیۡلࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِینَ ﴿١٩﴾
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! (19)
Tafseer:
أَلَمۡ نَخۡلُقكُّم مِّن مَّاۤءࣲ مَّهِینࣲ ﴿٢٠﴾
Оё шуморо аз обе паст [-у ночиз] наофаридем? (20)
Tafseer:
فَجَعَلۡنَـٰهُ فِی قَرَارࣲ مَّكِینٍ ﴿٢١﴾
Ки сипас онро дар қароргоҳе маҳфуз [раҳим] қарор додем (21)
Tafseer:
إِلَىٰ قَدَرࣲ مَّعۡلُومࣲ ﴿٢٢﴾
То замоне муайян (22)
Tafseer:
فَقَدَرۡنَا فَنِعۡمَ ٱلۡقَـٰدِرُونَ ﴿٢٣﴾
Пас, мо [бар ин кор] тавоно будем ва чи нек тавоно [ва қудратманд] ҳастем (23)
Tafseer:
وَیۡلࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِینَ ﴿٢٤﴾
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! (24)
Tafseer:
أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ كِفَاتًا ﴿٢٥﴾
Оё заминро ҷойгоҳи [таҷаммуи мардум] қарор надодем? (25)
Tafseer:
أَحۡیَاۤءࣰ وَأَمۡوَ ٰ⁠تࣰا ﴿٢٦﴾
Ҳам дар ҳоли ҳаёт ва ҳам маргашон? (26)
Tafseer:
وَجَعَلۡنَا فِیهَا رَوَ ٰ⁠سِیَ شَـٰمِخَـٰتࣲ وَأَسۡقَیۡنَـٰكُم مَّاۤءࣰ فُرَاتࣰا ﴿٢٧﴾
Ва дар он кӯҳҳои бисёр баланд [ва устувор] қарор додем ва обе ширин [ва гуворо] ба шумо нӯшонидем (27)
Tafseer:
وَیۡلࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِینَ ﴿٢٨﴾
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! (28)
Tafseer:
ٱنطَلِقُوۤاْ إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ ﴿٢٩﴾
[Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба сӯйи ҳамон чизе биравед, ки пайваста такзибаш мекардед. (29)
Tafseer:
ٱنطَلِقُوۤاْ إِلَىٰ ظِلࣲّ ذِی ثَلَـٰثِ شُعَبࣲ ﴿٣٠﴾
Биравед ба сӯйи сояи [дудҳои оташи] сешоха (30)
Tafseer:
لَّا ظَلِیلࣲ وَلَا یُغۡنِی مِنَ ٱللَّهَبِ ﴿٣١﴾
На сояафкан [ва хунук] аст ва на аз [гармии] шуълаҳои оташ ҷилавгирӣ мекунад» (31)
Tafseer:
إِنَّهَا تَرۡمِی بِشَرَرࣲ كَٱلۡقَصۡرِ ﴿٣٢﴾
Ҳамоно он [дузах] шарораҳое чун кохе [баланд] меафканад. (32)
Tafseer:
كَأَنَّهُۥ جِمَـٰلَتࣱ صُفۡرࣱ ﴿٣٣﴾
Гӯӣ, ки он [шарораҳо] шутурони зардранг ҳастанд (33)
Tafseer:
وَیۡلࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِینَ ﴿٣٤﴾
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! (34)
Tafseer:
هَـٰذَا یَوۡمُ لَا یَنطِقُونَ ﴿٣٥﴾
Ин [ҳамон] рӯзест, ки сухан намегӯянд (35)
Tafseer:
وَلَا یُؤۡذَنُ لَهُمۡ فَیَعۡتَذِرُونَ ﴿٣٦﴾
Ва ба онҳо иҷозат дода намешавад, то узрхоҳӣ кунанд (36)
Tafseer:
وَیۡلࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِینَ ﴿٣٧﴾
Дар он рӯз, вой бар такзибкунандагон! (37)
Tafseer:
هَـٰذَا یَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِۖ جَمَعۡنَـٰكُمۡ وَٱلۡأَوَّلِینَ ﴿٣٨﴾
Ин [ҳамон] рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] аст, ки шумо ва гузаштагонро гирд овардаем (38)
Tafseer:
فَإِن كَانَ لَكُمۡ كَیۡدࣱ فَكِیدُونِ ﴿٣٩﴾
Пас, агар [ҳила ва] найранге доред, онро дар ҳаққи ман ба кор гиред (39)
Tafseer:
وَیۡلࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِینَ ﴿٤٠﴾
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! (40)
Tafseer:
إِنَّ ٱلۡمُتَّقِینَ فِی ظِلَـٰلࣲ وَعُیُونࣲ ﴿٤١﴾
Ба ростӣ, ки [дар он рӯз] парҳезкорон дар сояҳо ва [канори] чашмаҳо қарор доранд (41)
Tafseer:
وَفَوَ ٰ⁠كِهَ مِمَّا یَشۡتَهُونَ ﴿٤٢﴾
Ва меваҳое, ки майл дошта бошанд (42)
Tafseer:
كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِیۤـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ﴿٤٣﴾
[Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба подоши он чи мекардед, гуворо бихӯред ва биёшомед» (43)
Tafseer:
إِنَّا كَذَ ٰ⁠لِكَ نَجۡزِی ٱلۡمُحۡسِنِینَ ﴿٤٤﴾
Мо ин гуна накукоронро подош медиҳем» (44)
Tafseer:
وَیۡلࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِینَ ﴿٤٥﴾
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! (45)
Tafseer:
كُلُواْ وَتَمَتَّعُواْ قَلِیلًا إِنَّكُم مُّجۡرِمُونَ ﴿٤٦﴾
«[Эй кофирон, дар ин дунё] андаке бихӯред ва баҳра гиред, зеро шумо гунаҳгоред» (46)
Tafseer:
وَیۡلࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِینَ ﴿٤٧﴾
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! (47)
Tafseer:
وَإِذَا قِیلَ لَهُمُ ٱرۡكَعُواْ لَا یَرۡكَعُونَ ﴿٤٨﴾
Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «[Намоз бигузоред ва] рукуъ кунед, [намоз намегузоранд ва] рукуъ намекунанд (48)
Tafseer:
وَیۡلࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِینَ ﴿٤٩﴾
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! (49)
Tafseer:
فَبِأَیِّ حَدِیثِۭ بَعۡدَهُۥ یُؤۡمِنُونَ ﴿٥٠﴾
[Агар мардум ба ин Қуръон имон намеоваранд] Пас, баъд аз он ба кадом сухан имон меоваранд? (50)
Tafseer: