Surah Сураи Наба (Хабар) - An-Naba’

Tajik Тоҷикӣ Translation40 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Наба (Хабар) - An-Naba’.
عَمَّ یَتَسَاۤءَلُونَ ﴿١﴾
[Кофирон] Дар бораи чи чиз аз якдигар суол мекунанд? (1)
Tafseer:
عَنِ ٱلنَّبَإِ ٱلۡعَظِیمِ ﴿٢﴾
Аз хабаре бузург (2)
Tafseer:
ٱلَّذِی هُمۡ فِیهِ مُخۡتَلِفُونَ ﴿٣﴾
Ҳамон [хабаре] ки онҳо дар он ихтилоф доранд (3)
Tafseer:
كَلَّا سَیَعۡلَمُونَ ﴿٤﴾
Чунин нест [ки онҳо меандешанд] ба зудӣ хоҳанд донист (4)
Tafseer:
ثُمَّ كَلَّا سَیَعۡلَمُونَ ﴿٥﴾
Боз ҳам чунин нест; ба зудӣ хоҳанд донист (5)
Tafseer:
أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ مِهَـٰدࣰا ﴿٦﴾
Оё заминро бистаре [барои осоиши шумо] қарор надодем? (6)
Tafseer:
وَٱلۡجِبَالَ أَوۡتَادࣰا ﴿٧﴾
Ва кӯҳҳоро мехҳо [-и он] қарор надодем? (7)
Tafseer:
وَخَلَقۡنَـٰكُمۡ أَزۡوَ ٰ⁠جࣰا ﴿٨﴾
Ва шуморо ҷуфт [нару мода] офаридем. (8)
Tafseer:
وَجَعَلۡنَا نَوۡمَكُمۡ سُبَاتࣰا ﴿٩﴾
Ва хоби шуморо [мояи] оромишатон қарор додем (9)
Tafseer:
وَجَعَلۡنَا ٱلَّیۡلَ لِبَاسࣰا ﴿١٠﴾
Ва шабро пӯшише [бароятон] қарор додем (10)
Tafseer:
وَجَعَلۡنَا ٱلنَّهَارَ مَعَاشࣰا ﴿١١﴾
Ва рӯзро [василаи] зиндагӣ ва [касби маош] қарор додем (11)
Tafseer:
وَبَنَیۡنَا فَوۡقَكُمۡ سَبۡعࣰا شِدَادࣰا ﴿١٢﴾
Ва бар фарози шумо ҳафт [осмон] муҳкам бино кардем (12)
Tafseer:
وَجَعَلۡنَا سِرَاجࣰا وَهَّاجࣰا ﴿١٣﴾
Ва [хуршедро] чароғе дурахшон офаридем (13)
Tafseer:
وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلۡمُعۡصِرَ ٰ⁠تِ مَاۤءࣰ ثَجَّاجࣰا ﴿١٤﴾
Ва аз абрҳои боронзо обе фаровон фурӯ фиристодем (14)
Tafseer:
لِّنُخۡرِجَ بِهِۦ حَبࣰّا وَنَبَاتࣰا ﴿١٥﴾
То бад-он дона ва гиёҳ бисёр бирӯёнем (15)
Tafseer:
وَجَنَّـٰتٍ أَلۡفَافًا ﴿١٦﴾
Ва боғҳое пурдарахт [бо он парвариш диҳем] (16)
Tafseer:
إِنَّ یَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ كَانَ مِیقَـٰتࣰا ﴿١٧﴾
Бе гумон, рӯзи доварӣ ваъдагоҳ [-и Мо бо шумо] аст (17)
Tafseer:
یَوۡمَ یُنفَخُ فِی ٱلصُّورِ فَتَأۡتُونَ أَفۡوَاجࣰا ﴿١٨﴾
Рӯзе, ки дар «сур» дамида мешавад ва шумо гурӯҳ-гурӯҳ [ба маҳшар] меоед (18)
Tafseer:
وَفُتِحَتِ ٱلسَّمَاۤءُ فَكَانَتۡ أَبۡوَ ٰ⁠بࣰا ﴿١٩﴾
Ва осмон кушуда мешавад ва ба сурати дарҳои мутааддид дармеояд (19)
Tafseer:
وَسُیِّرَتِ ٱلۡجِبَالُ فَكَانَتۡ سَرَابًا ﴿٢٠﴾
Ва кӯҳҳо ба ҳаракат дармеояд ва ба сурати саробе мешавад (20)
Tafseer:
إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتۡ مِرۡصَادࣰا ﴿٢١﴾
Ва бе гумон, ҷаҳаннам камингоҳест (21)
Tafseer:
لِّلطَّـٰغِینَ مَـَٔابࣰا ﴿٢٢﴾
Ва маҳалли бозгаште барои туғёнгарон (22)
Tafseer:
لَّـٰبِثِینَ فِیهَاۤ أَحۡقَابࣰا ﴿٢٣﴾
Муддати замоне дароз дар он ҷо бимонанд (23)
Tafseer:
لَّا یَذُوقُونَ فِیهَا بَرۡدࣰا وَلَا شَرَابًا ﴿٢٤﴾
Дар он ҷо [чизи] хунуке намечашанд ва на ошомиданӣ [-и гуворое хоҳанд дошт] (24)
Tafseer:
إِلَّا حَمِیمࣰا وَغَسَّاقࣰا ﴿٢٥﴾
Ҷуз обе сӯзон ва [моеъе, ки] чирку хун [аст] (25)
Tafseer:
جَزَاۤءࣰ وِفَاقًا ﴿٢٦﴾
[Ин] Кайфаре аст муносиб ва дархӯр [-и аъмолашон] (26)
Tafseer:
إِنَّهُمۡ كَانُواْ لَا یَرۡجُونَ حِسَابࣰا ﴿٢٧﴾
Чаро ки онҳо ҳеҷ умеде ба [рӯзи] ҳисоб надоштанд (27)
Tafseer:
وَكَذَّبُواْ بِـَٔایَـٰتِنَا كِذَّابࣰا ﴿٢٨﴾
Ва оёти Моро ба шиддат такзиб карданд (28)
Tafseer:
وَكُلَّ شَیۡءٍ أَحۡصَیۡنَـٰهُ كِتَـٰبࣰا ﴿٢٩﴾
Ва Мо ҳама чизро [дар Лавҳи маҳфуз] шуморишу сабт кардаем (29)
Tafseer:
فَذُوقُواْ فَلَن نَّزِیدَكُمۡ إِلَّا عَذَابًا ﴿٣٠﴾
Пас, [кайфари аъмоли худро] бичашед, ки чизе ҷуз азоб бар шумо намеафзоем (30)
Tafseer:
إِنَّ لِلۡمُتَّقِینَ مَفَازًا ﴿٣١﴾
Бе гумон, барои парҳезкорон комёбӣ [-и бузурге] аст (31)
Tafseer:
حَدَاۤىِٕقَ وَأَعۡنَـٰبࣰا ﴿٣٢﴾
Боғҳои [мева] ва токзорҳо (32)
Tafseer:
وَكَوَاعِبَ أَتۡرَابࣰا ﴿٣٣﴾
Ва ҳуроне ҷавон ва ҳамсиннусол (33)
Tafseer:
وَكَأۡسࣰا دِهَاقࣰا ﴿٣٤﴾
Ва ҷомҳое лабрез ва паёпай [аз шароби покизаи биҳишт] (34)
Tafseer:
لَّا یَسۡمَعُونَ فِیهَا لَغۡوࣰا وَلَا كِذَّ ٰ⁠بࣰا ﴿٣٥﴾
Дар он ҷо на сухани беҳудае мешунаванд ва на дурӯғе (35)
Tafseer:
جَزَاۤءࣰ مِّن رَّبِّكَ عَطَاۤءً حِسَابࣰا ﴿٣٦﴾
[Ин] Подош аз ҷониби Парвардигори туст ва атое аз рӯйи ҳисоб (36)
Tafseer:
رَّبِّ ٱلسَّمَـٰوَ ٰ⁠تِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَیۡنَهُمَا ٱلرَّحۡمَـٰنِۖ لَا یَمۡلِكُونَ مِنۡهُ خِطَابࣰا ﴿٣٧﴾
[Ҳамон] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи дар миёни онҳост; [ҳамон Аллоҳи] Раҳмон [ки] ҳеҷ кас [дар он рӯз] ёрои сухан гуфтан бо ӯро надорад (37)
Tafseer:
یَوۡمَ یَقُومُ ٱلرُّوحُ وَٱلۡمَلَـٰۤىِٕكَةُ صَفࣰّاۖ لَّا یَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَـٰنُ وَقَالَ صَوَابࣰا ﴿٣٨﴾
Рӯзе, ки рӯҳ [Ҷабраил] ва фариштагон ба саф биистанд, ҳеҷ кас сухан нагӯяд, ҷуз касе, ки Аллоҳи раҳмон ба ӯ иҷозат дода бошад ва [ӯ] сухани дуруст [ва савоб] гӯяд (38)
Tafseer:
ذَ ٰ⁠لِكَ ٱلۡیَوۡمُ ٱلۡحَقُّۖ فَمَن شَاۤءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ مَـَٔابًا ﴿٣٩﴾
Он [рӯз] рӯзи ҳақ аст; пас, ҳар ки хоҳад, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ биҷӯяд (39)
Tafseer:
إِنَّاۤ أَنذَرۡنَـٰكُمۡ عَذَابࣰا قَرِیبࣰا یَوۡمَ یَنظُرُ ٱلۡمَرۡءُ مَا قَدَّمَتۡ یَدَاهُ وَیَقُولُ ٱلۡكَافِرُ یَـٰلَیۡتَنِی كُنتُ تُرَ ٰ⁠بَۢا ﴿٤٠﴾
Ба ростӣ, Мо шуморо аз азобе наздик бим додем: рӯзе, ки инсон он чиро аз қабл бо дастҳои худ фиристодааст, мебинад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок будам [ва барои ҳисоб барангехта намешудам!» (40)
Tafseer: