Surah Сураи Таквир (Дарҳампечида ва камнур) - At-Takwīr

Tajik Тоҷикӣ Translation29 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Таквир (Дарҳампечида ва камнур) - At-Takwīr.
إِذَا ٱلشَّمۡسُ كُوِّرَتۡ ﴿١﴾
Он гоҳ ки хуршед дар ҳам печида [ва торик] гардад (1)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلنُّجُومُ ٱنكَدَرَتۡ ﴿٢﴾
Ва он гоҳ ки ситорагон бефурӯғ шаванд (2)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ سُیِّرَتۡ ﴿٣﴾
Ва он гоҳ ки кӯҳҳо ба ҳаракат дароянд (3)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلۡعِشَارُ عُطِّلَتۡ ﴿٤﴾
ва он гоҳ ки модашутурони бордор раҳо шаванд (4)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلۡوُحُوشُ حُشِرَتۡ ﴿٥﴾
Ва он гоҳ ки ҳайвоноти ваҳшӣ [дар канори инсон] гирд оварда шаванд (5)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ سُجِّرَتۡ ﴿٦﴾
Ва он гоҳ ки дарёҳо [ҷӯшону] барафрӯхта шаванд (6)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلنُّفُوسُ زُوِّجَتۡ ﴿٧﴾
Ва он гоҳ ки ҳар кас бо ҳамсони худ қарин гардад (7)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلۡمَوۡءُۥدَةُ سُىِٕلَتۡ ﴿٨﴾
Ва он гоҳ ки аз духтари зиндабагуршуда пурсида шавад (8)
Tafseer:
بِأَیِّ ذَنۢبࣲ قُتِلَتۡ ﴿٩﴾
[Ки] Ба кадомин гуноҳ кушта шудааст (9)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلصُّحُفُ نُشِرَتۡ ﴿١٠﴾
Ва он гоҳ ки номаҳо [-и аъмол] кушода шавад (10)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلسَّمَاۤءُ كُشِطَتۡ ﴿١١﴾
Ва он гоҳ ки парда аз рӯи осмон баргирифта шавад (11)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلۡجَحِیمُ سُعِّرَتۡ ﴿١٢﴾
Ва он гоҳ ки дузах афрӯхта [ва шуълавар] гардад (12)
Tafseer:
وَإِذَا ٱلۡجَنَّةُ أُزۡلِفَتۡ ﴿١٣﴾
Ва он гоҳ ки биҳишт [барои парҳезкорон] наздик оварда шавад (13)
Tafseer:
عَلِمَتۡ نَفۡسࣱ مَّاۤ أَحۡضَرَتۡ ﴿١٤﴾
[Дар он ҳангом] Ҳар кас хоҳад донист, ки чи чизе [барои охирати худ] омода кардааст (14)
Tafseer:
فَلَاۤ أُقۡسِمُ بِٱلۡخُنَّسِ ﴿١٥﴾
Пас, савганд ба ситорагоне, ки [ба ҷойгоҳи худ] бозмегарданд (15)
Tafseer:
ٱلۡجَوَارِ ٱلۡكُنَّسِ ﴿١٦﴾
[Шитобон] Ҳаракат мекунанд [ва аз назар] пинҳон мешаванд (16)
Tafseer:
وَٱلَّیۡلِ إِذَا عَسۡعَسَ ﴿١٧﴾
Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки [торикиаш коста шавад ва] пушт кунад (17)
Tafseer:
وَٱلصُّبۡحِ إِذَا تَنَفَّسَ ﴿١٨﴾
Ва савганд ба субҳ, ҳангоме ки бидамад (18)
Tafseer:
إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولࣲ كَرِیمࣲ ﴿١٩﴾
Бе тардид, ин [Қуръон сухани Аллоҳ таоло аст, ки иблоғаш ба Паёмбар ба уҳдаи] фиристодаи бузургвор [Ҷабраил] аст (19)
Tafseer:
ذِی قُوَّةٍ عِندَ ذِی ٱلۡعَرۡشِ مَكِینࣲ ﴿٢٠﴾
[Ҳамон фариштае] Ки [муқтадир ва] неруманд аст ва назди [Аллоҳи] соҳиби Арш мақоми волое дорад (20)
Tafseer:
مُّطَاعࣲ ثَمَّ أَمِینࣲ ﴿٢١﴾
[Дар малакути аъло ва олами фариштагон] Аз ӯ фармон мебаранд ва амин [-и ваҳй] аст (21)
Tafseer:
وَمَا صَاحِبُكُم بِمَجۡنُونࣲ ﴿٢٢﴾
[Эй мардум] Ҳамнишини шумо [Муҳаммад] девона нест (22)
Tafseer:
وَلَقَدۡ رَءَاهُ بِٱلۡأُفُقِ ٱلۡمُبِینِ ﴿٢٣﴾
Ва бе тардид, [Муҳаммад] ӯ [Ҷабраил]-ро дар уфуқи равшан дидааст (23)
Tafseer:
وَمَا هُوَ عَلَى ٱلۡغَیۡبِ بِضَنِینࣲ ﴿٢٤﴾
Ва ӯ бар [иблоғи он чи аз тариқи] ғайб [ба вай ваҳй мегардад] бахил нест (24)
Tafseer:
وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَیۡطَـٰنࣲ رَّجِیمࣲ ﴿٢٥﴾
Ва ин [Қуръон] гуфтаи шайтони рондашуда нест (25)
Tafseer:
فَأَیۡنَ تَذۡهَبُونَ ﴿٢٦﴾
Пас, ба куҷо меравед? (26)
Tafseer:
إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرࣱ لِّلۡعَـٰلَمِینَ ﴿٢٧﴾
Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест (27)
Tafseer:
لِمَن شَاۤءَ مِنكُمۡ أَن یَسۡتَقِیمَ ﴿٢٨﴾
Барои ҳар як аз шумо, ки бихоҳад роҳи рости [ҳақро] дар пеш гирад (28)
Tafseer:
وَمَا تَشَاۤءُونَ إِلَّاۤ أَن یَشَاۤءَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَـٰلَمِینَ ﴿٢٩﴾
Ва шумо [чизеро] намехоҳед, магар он ки Парвардигори ҷаҳониён [ирода кунад ва] бихоҳад (29)
Tafseer: