Surah Сураи Абаса (Рӯй турш кард) - ‘Abasa

Tajik Тоҷикӣ Translation42 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Абаса (Рӯй турш кард) - ‘Abasa.
عَبَسَ وَتَوَلَّىٰۤ ﴿١﴾
[Паёмбар] чеҳра дар ҳам кашид ва рӯй баргардонд (1)
Tafseer:
أَن جَاۤءَهُ ٱلۡأَعۡمَىٰ ﴿٢﴾
Аз ин ки он нобино [Абдуллоҳ ибни Умми Мактум] наздаш омад (2)
Tafseer:
وَمَا یُدۡرِیكَ لَعَلَّهُۥ یَزَّكَّىٰۤ ﴿٣﴾
Ва [эй Паёмбар] ту чи медонӣ? Чи басо ӯ [аз гуноҳонаш] пок шавад (3)
Tafseer:
أَوۡ یَذَّكَّرُ فَتَنفَعَهُ ٱلذِّكۡرَىٰۤ ﴿٤﴾
Ё панд гирад ва ин панд ба судаш бошад (4)
Tafseer:
أَمَّا مَنِ ٱسۡتَغۡنَىٰ ﴿٥﴾
Аммо он ки [аз имон] бениёзӣ меварзад (5)
Tafseer:
فَأَنتَ لَهُۥ تَصَدَّىٰ ﴿٦﴾
Пас, ту ба ӯ рӯ меоварӣ (6)
Tafseer:
وَمَا عَلَیۡكَ أَلَّا یَزَّكَّىٰ ﴿٧﴾
Дар ҳоле ки агар ӯ худро [аз куфр] пок насозад, эроде бар ту нест (7)
Tafseer:
وَأَمَّا مَن جَاۤءَكَ یَسۡعَىٰ ﴿٨﴾
Аммо касе, ки шитобон ба суроғи ту меояд (8)
Tafseer:
وَهُوَ یَخۡشَىٰ ﴿٩﴾
Ва [аз Аллоҳ таоло] метарсад (9)
Tafseer:
فَأَنتَ عَنۡهُ تَلَهَّىٰ ﴿١٠﴾
Пас, ту аз ӯ ғофил мешавӣ [ва ба дигарон мепардозӣ] (10)
Tafseer:
كَلَّاۤ إِنَّهَا تَذۡكِرَةࣱ ﴿١١﴾
Ҳаргиз чунин нест; бе гумон, ин [оёт барои] тазаккур ва ёдоварӣ аст (11)
Tafseer:
فَمَن شَاۤءَ ذَكَرَهُۥ ﴿١٢﴾
Пас, ҳар ки бихоҳад, аз он панд гирад (12)
Tafseer:
فِی صُحُفࣲ مُّكَرَّمَةࣲ ﴿١٣﴾
Дар саҳифаҳои арҷманде [сабт] аст (13)
Tafseer:
مَّرۡفُوعَةࣲ مُّطَهَّرَةِۭ ﴿١٤﴾
[Дар ҷойгоҳе] Баландпоя ва покиза [аз палидӣ] (14)
Tafseer:
بِأَیۡدِی سَفَرَةࣲ ﴿١٥﴾
Дар дасти сафирон [-и ваҳй] аст (15)
Tafseer:
كِرَامِۭ بَرَرَةࣲ ﴿١٦﴾
[Ки] бузургвору накукоранд (16)
Tafseer:
قُتِلَ ٱلۡإِنسَـٰنُ مَاۤ أَكۡفَرَهُۥ ﴿١٧﴾
Марг бар инсон [-и кофир, ки] чи қадар носипос аст! (17)
Tafseer:
مِنۡ أَیِّ شَیۡءٍ خَلَقَهُۥ ﴿١٨﴾
[Аллоҳ таоло] Ӯро аз чи чиз офаридааст? (18)
Tafseer:
مِن نُّطۡفَةٍ خَلَقَهُۥ فَقَدَّرَهُۥ ﴿١٩﴾
Ӯро аз нутфа [-и ночизе] офарид ва сипас мавзунаш сохт (19)
Tafseer:
ثُمَّ ٱلسَّبِیلَ یَسَّرَهُۥ ﴿٢٠﴾
Он гоҳ роҳро барояш осон намуд (20)
Tafseer:
ثُمَّ أَمَاتَهُۥ فَأَقۡبَرَهُۥ ﴿٢١﴾
Он гоҳ [пас аз поёни умр] ӯро миронд ва дар қабр [пинҳон] намуд (21)
Tafseer:
ثُمَّ إِذَا شَاۤءَ أَنشَرَهُۥ ﴿٢٢﴾
Сипас ҳар гоҳ бихоҳад, ӯро [зинда мекунад ва] бармеангезад (22)
Tafseer:
كَلَّا لَمَّا یَقۡضِ مَاۤ أَمَرَهُۥ ﴿٢٣﴾
Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ мепиндорад]. Ӯ ҳанӯз он чиро, ки [Аллоҳ таоло] фармон дода, ба ҷой наовардааст (23)
Tafseer:
فَلۡیَنظُرِ ٱلۡإِنسَـٰنُ إِلَىٰ طَعَامِهِۦۤ ﴿٢٤﴾
Пас, инсон бояд ба ғизои хеш [ва офариниши он] бингарад (24)
Tafseer:
أَنَّا صَبَبۡنَا ٱلۡمَاۤءَ صَبࣰّا ﴿٢٥﴾
Мо оби фаровон [аз осмон] фуру рехтем (25)
Tafseer:
ثُمَّ شَقَقۡنَا ٱلۡأَرۡضَ شَقࣰّا ﴿٢٦﴾
Сипас заминро аз ҳам шикофтем (26)
Tafseer:
فَأَنۢبَتۡنَا فِیهَا حَبࣰّا ﴿٢٧﴾
Он гоҳ дар он дона [-ҳои фаровон] рӯёнидем (27)
Tafseer:
وَعِنَبࣰا وَقَضۡبࣰا ﴿٢٨﴾
Ва ангуру сабзӣ [хӯрокии бисёр] (28)
Tafseer:
وَزَیۡتُونࣰا وَنَخۡلࣰا ﴿٢٩﴾
Ва зайтуну нахл (29)
Tafseer:
وَحَدَاۤىِٕقَ غُلۡبࣰا ﴿٣٠﴾
Ва боғҳое [анбуҳ ва] пурдарахт (30)
Tafseer:
وَفَـٰكِهَةࣰ وَأَبࣰّا ﴿٣١﴾
Ва [анвои] мева ва алаф [падид овардем] (31)
Tafseer:
مَّتَـٰعࣰا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَـٰمِكُمۡ ﴿٣٢﴾
[Ҳамаи инҳо] Барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст (32)
Tafseer:
فَإِذَا جَاۤءَتِ ٱلصَّاۤخَّةُ ﴿٣٣﴾
Пас, ҳангоме ки [он] садои боҳайбати [-и қиёмат] фаро расад (33)
Tafseer:
یَوۡمَ یَفِرُّ ٱلۡمَرۡءُ مِنۡ أَخِیهِ ﴿٣٤﴾
Рӯзе, ки инсон аз бародараш мегурезад (34)
Tafseer:
وَأُمِّهِۦ وَأَبِیهِ ﴿٣٥﴾
Ва аз модараш ва аз падараш (35)
Tafseer:
وَصَـٰحِبَتِهِۦ وَبَنِیهِ ﴿٣٦﴾
Ва аз занаш ва писаронаш [низ мегурезад] (36)
Tafseer:
لِكُلِّ ٱمۡرِئࣲ مِّنۡهُمۡ یَوۡمَىِٕذࣲ شَأۡنࣱ یُغۡنِیهِ ﴿٣٧﴾
Дар он рӯз ҳар касро корест, ки ӯро ба худ машғул медорад (37)
Tafseer:
وُجُوهࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ مُّسۡفِرَةࣱ ﴿٣٨﴾
Чеҳраҳое дар он рӯз кушода ва равшан аст (38)
Tafseer:
ضَاحِكَةࣱ مُّسۡتَبۡشِرَةࣱ ﴿٣٩﴾
[Ба хотири неъмату раҳмати Аллоҳ таоло] хандону шод аст (39)
Tafseer:
وَوُجُوهࣱ یَوۡمَىِٕذٍ عَلَیۡهَا غَبَرَةࣱ ﴿٤٠﴾
Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуд аст (40)
Tafseer:
تَرۡهَقُهَا قَتَرَةٌ ﴿٤١﴾
Сиёҳӣ [ва торикӣ] онҳоро пӯшонидааст (41)
Tafseer:
أُوْلَـٰۤىِٕكَ هُمُ ٱلۡكَفَرَةُ ٱلۡفَجَرَةُ ﴿٤٢﴾
Инон ҳамон кофирони бадкирдоранд (42)
Tafseer: