Surah Сураи Фаҷр (Сапедаи субҳ) - Al-Fajr

Tajik Тоҷикӣ Translation30 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Фаҷр (Сапедаи субҳ) - Al-Fajr.
وَٱلۡفَجۡرِ ﴿١﴾
Савганд ба субҳ (1)
Tafseer:
وَلَیَالٍ عَشۡرࣲ ﴿٢﴾
Ва ба шабҳои даҳгона [-и оғози зулҳиҷҷа] (2)
Tafseer:
وَٱلشَّفۡعِ وَٱلۡوَتۡرِ ﴿٣﴾
Ва ба завҷ ва фард [-и ашё] (3)
Tafseer:
وَٱلَّیۡلِ إِذَا یَسۡرِ ﴿٤﴾
Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳаракат мекунад ва] меравад (4)
Tafseer:
هَلۡ فِی ذَ ٰ⁠لِكَ قَسَمࣱ لِّذِی حِجۡرٍ ﴿٥﴾
Оё дар ин [чизҳо] савганде барои соҳибхирад нест [ки ӯро қонеъ намояд]? (5)
Tafseer:
أَلَمۡ تَرَ كَیۡفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ ﴿٦﴾
[Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Парвардигорат бо [қавми] Од чи кард? (6)
Tafseer:
إِرَمَ ذَاتِ ٱلۡعِمَادِ ﴿٧﴾
[Ҳамон қабилаи] Ирам, ки дорои [кохҳои бо] сутунҳои баланд буданд (7)
Tafseer:
ٱلَّتِی لَمۡ یُخۡلَقۡ مِثۡلُهَا فِی ٱلۡبِلَـٰدِ ﴿٨﴾
Ки ҳаммонанди он дар шаҳрҳо офарида нашуда буд? (8)
Tafseer:
وَثَمُودَ ٱلَّذِینَ جَابُواْ ٱلصَّخۡرَ بِٱلۡوَادِ ﴿٩﴾
Ва [низ қавми] Самуд, онҳое, ки сахраҳои сахтро аз [канори] водӣ метарошиданд [ва барои худ хона месохтанд]? (9)
Tafseer:
وَفِرۡعَوۡنَ ذِی ٱلۡأَوۡتَادِ ﴿١٠﴾
Ва Фиръавн соҳиби сипоҳи [бузург ва қудратманд] (10)
Tafseer:
ٱلَّذِینَ طَغَوۡاْ فِی ٱلۡبِلَـٰدِ ﴿١١﴾
[Ҳамон] Касоне, ки дар шаҳрҳо туғён [ва саркашӣ] карданд (11)
Tafseer:
فَأَكۡثَرُواْ فِیهَا ٱلۡفَسَادَ ﴿١٢﴾
Ва дар онҳо фасоди бисёр ба бор оварданд (12)
Tafseer:
فَصَبَّ عَلَیۡهِمۡ رَبُّكَ سَوۡطَ عَذَابٍ ﴿١٣﴾
Он гоҳ Парвардигорат тозиёнаи азобро бар онон фуруд овард (13)
Tafseer:
إِنَّ رَبَّكَ لَبِٱلۡمِرۡصَادِ ﴿١٤﴾
Яқинан Парвардигори ту дар камингоҳ аст (14)
Tafseer:
فَأَمَّا ٱلۡإِنسَـٰنُ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ رَبُّهُۥ فَأَكۡرَمَهُۥ وَنَعَّمَهُۥ فَیَقُولُ رَبِّیۤ أَكۡرَمَنِ ﴿١٥﴾
Ва аммо инсон ҳангоме ки Парвардигораш ӯро биозмояд ва гиромӣ дорад ва ба ӯ неъмат бахшад, [мағрур мегардад ва] мегӯяд: «Парвардигорам маро гиромӣ доштааст» (15)
Tafseer:
وَأَمَّاۤ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ فَقَدَرَ عَلَیۡهِ رِزۡقَهُۥ فَیَقُولُ رَبِّیۤ أَهَـٰنَنِ ﴿١٦﴾
Ва аммо ҳангоме ки ӯро биозмояд ва рӯзиашро бар ӯ танг гирад, [дилсард шуда] мегӯяд: «Парвардигорам маро хор кардааст» (16)
Tafseer:
كَلَّاۖ بَل لَّا تُكۡرِمُونَ ٱلۡیَتِیمَ ﴿١٧﴾
Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; балки шумо ятимро гиромӣ намедоред (17)
Tafseer:
وَلَا تَحَـٰۤضُّونَ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِینِ ﴿١٨﴾
Ва якдигарро бар итъоми мустамандон тарғиб намекунед (18)
Tafseer:
وَتَأۡكُلُونَ ٱلتُّرَاثَ أَكۡلࣰا لَّمࣰّا ﴿١٩﴾
Ва меросро ҳарисона мехӯред [ва ҳаққи заифонро намедиҳед] (19)
Tafseer:
وَتُحِبُّونَ ٱلۡمَالَ حُبࣰّا جَمࣰّا ﴿٢٠﴾
Ва молу сарват [-и дунё]-ро бисёр дӯст медоред (20)
Tafseer:
كَلَّاۤۖ إِذَا دُكَّتِ ٱلۡأَرۡضُ دَكࣰّا دَكࣰّا ﴿٢١﴾
Ҳаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; ҳангоме ки замин сахт дарҳам кӯбида шавад [ва ҳамвор гардад] (21)
Tafseer:
وَجَاۤءَ رَبُّكَ وَٱلۡمَلَكُ صَفࣰّا صَفࣰّا ﴿٢٢﴾
Ва Парвардигорат [барои додрасӣ] биёяд ва [низ] фариштагон саф дар саф [биистанд] (22)
Tafseer:
وَجِاْیۤءَ یَوۡمَىِٕذِۭ بِجَهَنَّمَۚ یَوۡمَىِٕذࣲ یَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَـٰنُ وَأَنَّىٰ لَهُ ٱلذِّكۡرَىٰ ﴿٢٣﴾
Ва дар он рӯз ҷаҳаннам оварда шавад, дар он рӯз инсони [кофир] панд мегирад [ва тавба мекунад]; ва [аммо] ин панд гирифтан чи суде барояш дорад? (23)
Tafseer:
یَقُولُ یَـٰلَیۡتَنِی قَدَّمۡتُ لِحَیَاتِی ﴿٢٤﴾
Вай мегӯяд: «Эй кош, [дар дунё] барои [ин] зиндагиам [чизе аз] пеш фиристода будам! (24)
Tafseer:
فَیَوۡمَىِٕذࣲ لَّا یُعَذِّبُ عَذَابَهُۥۤ أَحَدࣱ ﴿٢٥﴾
Пас, дар он рӯз ҳеҷ кас ҳаммонанди азоби Ӯ [Аллоҳ таоло] азоб намекунад (25)
Tafseer:
وَلَا یُوثِقُ وَثَاقَهُۥۤ أَحَدࣱ ﴿٢٦﴾
Ва ҳеҷ кас ҳамчун банд кашидани Ӯ [Аллоҳ таоло] касеро ба банд намекашад (26)
Tafseer:
یَـٰۤأَیَّتُهَا ٱلنَّفۡسُ ٱلۡمُطۡمَىِٕنَّةُ ﴿٢٧﴾
[Аммо ба муъмин нидо мешавад] «Эй рӯҳи оромёфта! (27)
Tafseer:
ٱرۡجِعِیۤ إِلَىٰ رَبِّكِ رَاضِیَةࣰ مَّرۡضِیَّةࣰ ﴿٢٨﴾
Ба сӯйи Парвардигорат бозгард, дар ҳоле ки ту [аз подоши Аллоҳ таоло] хушнудӣ ва Ӯ аз [аъмоли] ту хушнуд аст (28)
Tafseer:
فَٱدۡخُلِی فِی عِبَـٰدِی ﴿٢٩﴾
Пас, дар зумраи бандагони [хосси] Ман даро (29)
Tafseer:
وَٱدۡخُلِی جَنَّتِی ﴿٣٠﴾
Ва ба биҳишти Ман ворид шав» (30)
Tafseer: