Surah Сураи Балад (Шаҳр) - Al-Balad

Tajik Тоҷикӣ Translation20 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Балад (Шаҳр) - Al-Balad.
لَاۤ أُقۡسِمُ بِهَـٰذَا ٱلۡبَلَدِ ﴿١﴾
Савганд ба ин шаҳр [Макка] (1)
Tafseer:
وَأَنتَ حِلُّۢ بِهَـٰذَا ٱلۡبَلَدِ ﴿٢﴾
Ва ту дар ин шаҳр сокинӣ [ва ҷанг дар ин шаҳр барои ту ҳалол аст] (2)
Tafseer:
وَوَالِدࣲ وَمَا وَلَدَ ﴿٣﴾
Ва савганд ба падар [Одам] ва фарзандонаш (3)
Tafseer:
لَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَـٰنَ فِی كَبَدٍ ﴿٤﴾
Яқинан, инсонро дар ранҷ офаридем (4)
Tafseer:
أَیَحۡسَبُ أَن لَّن یَقۡدِرَ عَلَیۡهِ أَحَدࣱ ﴿٥﴾
Оё ӯ гумон мекунад, ҳеҷ кас бар [муҷозоти] вай тавоно нест? (5)
Tafseer:
یَقُولُ أَهۡلَكۡتُ مَالࣰا لُّبَدًا ﴿٦﴾
Мегӯяд: «[Ба хотири инфоқ] Моли зиёдеро табоҳ кардаам» (6)
Tafseer:
أَیَحۡسَبُ أَن لَّمۡ یَرَهُۥۤ أَحَدٌ ﴿٧﴾
Оё мепиндорад, ки ҳеҷ кас ӯро надидааст? (7)
Tafseer:
أَلَمۡ نَجۡعَل لَّهُۥ عَیۡنَیۡنِ ﴿٨﴾
Оё барои ӯ ду чашм қарор надодем? (8)
Tafseer:
وَلِسَانࣰا وَشَفَتَیۡنِ ﴿٩﴾
Ва як забон ва ду лаб? (9)
Tafseer:
وَهَدَیۡنَـٰهُ ٱلنَّجۡدَیۡنِ ﴿١٠﴾
Ва ӯро ба ду роҳ [хайр ва шар] роҳнамоӣ кардем (10)
Tafseer:
فَلَا ٱقۡتَحَمَ ٱلۡعَقَبَةَ ﴿١١﴾
Пас, ба гардана [и сахт] қадам нагузошт [ва наомад] (11)
Tafseer:
وَمَاۤ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡعَقَبَةُ ﴿١٢﴾
Ва ту чи медонӣ, ки гардана [-и сахт] чист? (12)
Tafseer:
فَكُّ رَقَبَةٍ ﴿١٣﴾
Озод кардани барда аст (13)
Tafseer:
أَوۡ إِطۡعَـٰمࣱ فِی یَوۡمࣲ ذِی مَسۡغَبَةࣲ ﴿١٤﴾
Итъом дар рӯзи қаҳтӣ [ва гуруснагӣ] (14)
Tafseer:
یَتِیمࣰا ذَا مَقۡرَبَةٍ ﴿١٥﴾
[Хоҳ] Ятиме аз хешовандон [бошад] (15)
Tafseer:
أَوۡ مِسۡكِینࣰا ذَا مَتۡرَبَةࣲ ﴿١٦﴾
Ё мустаманде хокнишин (16)
Tafseer:
ثُمَّ كَانَ مِنَ ٱلَّذِینَ ءَامَنُواْ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلصَّبۡرِ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلۡمَرۡحَمَةِ ﴿١٧﴾
Он гоҳ аз касоне бошад, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] ва меҳрубонӣ [бо бандагон] тавсия намудаанд (17)
Tafseer:
أُوْلَـٰۤىِٕكَ أَصۡحَـٰبُ ٱلۡمَیۡمَنَةِ ﴿١٨﴾
Инон аҳли саодатанд [ки номаи аъмол ба дасти росташон дода мешавад ва аҳли биҳиштанд] (18)
Tafseer:
وَٱلَّذِینَ كَفَرُواْ بِـَٔایَـٰتِنَا هُمۡ أَصۡحَـٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ ﴿١٩﴾
Аммо касоне, ки ба оёти Мо куфр варзиданд, онон аҳли шақоватанд [ки номаи аъмол ба дасти чапашон дода мешавад ва ба дузах мераванд] (19)
Tafseer:
عَلَیۡهِمۡ نَارࣱ مُّؤۡصَدَةُۢ ﴿٢٠﴾
Бар онон [аз ҳар сӯ] оташи сарпӯшидае аст [ки роҳи фирор надоранд] (20)
Tafseer: