Surah Сураи Нозиъот (Фариштагони гирандаи ҷон) - An-Nāzi‘āt

Tajik Тоҷикӣ Translation46 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Нозиъот (Фариштагони гирандаи ҷон) - An-Nāzi‘āt.
وَٱلنَّـٰزِعَـٰتِ غَرۡقࣰا ﴿١﴾
Савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и кофирон]-ро ба шиддат берун мекашанд (1)
Tafseer:
وَٱلنَّـٰشِطَـٰتِ نَشۡطࣰا ﴿٢﴾
Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и муъминон]-ро ба нармӣ ва осонӣ мегиранд (2)
Tafseer:
وَٱلسَّـٰبِحَـٰتِ سَبۡحࣰا ﴿٣﴾
Ва савганд ба фариштагоне, ки [ба амри Аллоҳ таоло аз осмон ба сӯйи замин] шиноваранд (3)
Tafseer:
فَٱلسَّـٰبِقَـٰتِ سَبۡقࣰا ﴿٤﴾
Ва савганд ба фариштагоне, ки [дар иҷрои авомири илоҳӣ] бар якдигар сабқат мегиранд (4)
Tafseer:
فَٱلۡمُدَبِّرَ ٰ⁠تِ أَمۡرࣰا ﴿٥﴾
Ва савганд ба фариштагоне [ки ба амри илоҳӣ] корҳоро тадбир мекунанд (5)
Tafseer:
یَوۡمَ تَرۡجُفُ ٱلرَّاجِفَةُ ﴿٦﴾
Рӯзе, ки [пас аз аввалин дамидан дар сур] замин [ва кӯҳҳо ва ҳама чиз] ба ларза дарояд (6)
Tafseer:
تَتۡبَعُهَا ٱلرَّادِفَةُ ﴿٧﴾
[Ва] Дар пайи он [дамидани дувуми ҳашр] биёяд (7)
Tafseer:
قُلُوبࣱ یَوۡمَىِٕذࣲ وَاجِفَةٌ ﴿٨﴾
Дар он рӯз дилҳое сахт музтариб [ва тарсон] аст (8)
Tafseer:
أَبۡصَـٰرُهَا خَـٰشِعَةࣱ ﴿٩﴾
Ва чашмҳои онон [аз тарсу шармсорӣ] фуру афтодааст (9)
Tafseer:
یَقُولُونَ أَءِنَّا لَمَرۡدُودُونَ فِی ٱلۡحَافِرَةِ ﴿١٠﴾
[Кофирон дар дунё] Мегӯянд: «Оё мо [пас аз марг дубора] ба ҳоли аввали худ бозгардонда мешавем? (10)
Tafseer:
أَءِذَا كُنَّا عِظَـٰمࣰا نَّخِرَةࣰ ﴿١١﴾
Оё ҳангоме ки устухонҳои пӯсида шудем [ва ба хок табдил гаштем, боз ҳам зинда мешавем]?» (11)
Tafseer:
قَالُواْ تِلۡكَ إِذࣰا كَرَّةٌ خَاسِرَةࣱ ﴿١٢﴾
Гӯянд: «[Агар чунин ваъдае дуруст бошад] он гоҳ он бозгаште зиёнбор аст» (12)
Tafseer:
فَإِنَّمَا هِیَ زَجۡرَةࣱ وَ ٰ⁠حِدَةࣱ ﴿١٣﴾
Пас он [бозгашт] танҳо бо як бонги боҳайбат аст (13)
Tafseer:
فَإِذَا هُم بِٱلسَّاهِرَةِ ﴿١٤﴾
Ва ногаҳон ҳамагӣ бар арсаи замин [-и маҳшар] зоҳир] мешаванд (14)
Tafseer:
هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِیثُ مُوسَىٰۤ ﴿١٥﴾
[Эй Паёмбар] Оё достони Мӯсо ба ту расидааст? (15)
Tafseer:
إِذۡ نَادَىٰهُ رَبُّهُۥ بِٱلۡوَادِ ٱلۡمُقَدَّسِ طُوًى ﴿١٦﴾
Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар сарзамини муқаддаси «Туво» нидо дод [ва фармуд] (16)
Tafseer:
ٱذۡهَبۡ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ إِنَّهُۥ طَغَىٰ ﴿١٧﴾
«Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ туғён кардааст (17)
Tafseer:
فَقُلۡ هَل لَّكَ إِلَىٰۤ أَن تَزَكَّىٰ ﴿١٨﴾
Ва ба ӯ бигӯ: «Оё мехоҳӣ [аз куфру гуноҳ] пок шавӣ? (18)
Tafseer:
وَأَهۡدِیَكَ إِلَىٰ رَبِّكَ فَتَخۡشَىٰ ﴿١٩﴾
Ва ман туро ба сӯйи Парвардигорат ҳидоят кунам, то [аз Ӯ] битарсӣ [ва фармонбардор шавӣ]? (19)
Tafseer:
فَأَرَىٰهُ ٱلۡـَٔایَةَ ٱلۡكُبۡرَىٰ ﴿٢٠﴾
Пас, [Мӯсо] муъҷизаи бузургро ба ӯ нишон дод (20)
Tafseer:
فَكَذَّبَ وَعَصَىٰ ﴿٢١﴾
Аммо ӯ такзибу саркашӣ кард (21)
Tafseer:
ثُمَّ أَدۡبَرَ یَسۡعَىٰ ﴿٢٢﴾
Сипас пушт кард ва ба кӯшишу талош [алайҳи ӯ] пардохт (22)
Tafseer:
فَحَشَرَ فَنَادَىٰ ﴿٢٣﴾
Пас, [қавмашро] ҷамъ карду нидо дод (23)
Tafseer:
فَقَالَ أَنَا۠ رَبُّكُمُ ٱلۡأَعۡلَىٰ ﴿٢٤﴾
Ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам» (24)
Tafseer:
فَأَخَذَهُ ٱللَّهُ نَكَالَ ٱلۡـَٔاخِرَةِ وَٱلۡأُولَىٰۤ ﴿٢٥﴾
Пас, Аллоҳ таоло ӯро ба азоби охират ва дунё гирифтор кард (25)
Tafseer:
إِنَّ فِی ذَ ٰ⁠لِكَ لَعِبۡرَةࣰ لِّمَن یَخۡشَىٰۤ ﴿٢٦﴾
Бе гумон, дар ин [воқеа] барои ҳар кас, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, ибрате ҳаст (26)
Tafseer:
ءَأَنتُمۡ أَشَدُّ خَلۡقًا أَمِ ٱلسَّمَاۤءُۚ بَنَىٰهَا ﴿٢٧﴾
Оё офариниши шумо [баъд аз марг] сахттар аст ё осмоне, ки [Аллоҳ таоло] онро бино кард? (27)
Tafseer:
رَفَعَ سَمۡكَهَا فَسَوَّىٰهَا ﴿٢٨﴾
Сақфи онро барафрошту ба он шаклу назм дод (28)
Tafseer:
وَأَغۡطَشَ لَیۡلَهَا وَأَخۡرَجَ ضُحَىٰهَا ﴿٢٩﴾
Ва шабашро торик ва рӯзашро равшан гардонид (29)
Tafseer:
وَٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ ذَ ٰ⁠لِكَ دَحَىٰهَاۤ ﴿٣٠﴾
Ва заминро баъд аз он густаронид (30)
Tafseer:
أَخۡرَجَ مِنۡهَا مَاۤءَهَا وَمَرۡعَىٰهَا ﴿٣١﴾
Ва аз он об [чашмаҳо ва чоҳҳо ва] чарогоҳашро берун овард (31)
Tafseer:
وَٱلۡجِبَالَ أَرۡسَىٰهَا ﴿٣٢﴾
Ва кӯҳҳоро муҳкам ва устувор [бар рӯйи замин] қарор дод (32)
Tafseer:
مَتَـٰعࣰا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَـٰمِكُمۡ ﴿٣٣﴾
[Ҳамаи инҳо] барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст (33)
Tafseer:
فَإِذَا جَاۤءَتِ ٱلطَّاۤمَّةُ ٱلۡكُبۡرَىٰ ﴿٣٤﴾
Пас, ҳангоме ки [он] ҳодисаи бузург [-и қиёмат] фаро расад (34)
Tafseer:
یَوۡمَ یَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَـٰنُ مَا سَعَىٰ ﴿٣٥﴾
Дар он рӯз инсон [тамоми аъмолу] талошҳои худро ба ёд меоварад (35)
Tafseer:
وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِیمُ لِمَن یَرَىٰ ﴿٣٦﴾
Ва ҷаҳаннам барои ҳар бинандае ошкор мешавад (36)
Tafseer:
فَأَمَّا مَن طَغَىٰ ﴿٣٧﴾
Пас, он кас, ки туғён [ва саркашӣ] карда бошад (37)
Tafseer:
وَءَاثَرَ ٱلۡحَیَوٰةَ ٱلدُّنۡیَا ﴿٣٨﴾
Ва зиндагии дунёро [бар охират] тарҷеҳ дода бошад (38)
Tafseer:
فَإِنَّ ٱلۡجَحِیمَ هِیَ ٱلۡمَأۡوَىٰ ﴿٣٩﴾
Бе тардид, ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст (39)
Tafseer:
وَأَمَّا مَنۡ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِۦ وَنَهَى ٱلنَّفۡسَ عَنِ ٱلۡهَوَىٰ ﴿٤٠﴾
Ва аммо касе, ки аз истодан дар ҳузури Парвардигораш бимнок буда ва нафсро аз ҳаво [ва ҳавас] боздошта бошад (40)
Tafseer:
فَإِنَّ ٱلۡجَنَّةَ هِیَ ٱلۡمَأۡوَىٰ ﴿٤١﴾
Ҳатман, биҳишт ҷойгоҳи ӯст (41)
Tafseer:
یَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلسَّاعَةِ أَیَّانَ مُرۡسَىٰهَا ﴿٤٢﴾
[Эй Паёмбар] Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, ки дар чи замоне воқеъ мешавад? (42)
Tafseer:
فِیمَ أَنتَ مِن ذِكۡرَىٰهَاۤ ﴿٤٣﴾
Туро бо ёдоварии ин сухан чи кор аст? (43)
Tafseer:
إِلَىٰ رَبِّكَ مُنتَهَىٰهَاۤ ﴿٤٤﴾
[Саранҷом ва] Мунтаҳои [илми] он назди Парвардигори туст (44)
Tafseer:
إِنَّمَاۤ أَنتَ مُنذِرُ مَن یَخۡشَىٰهَا ﴿٤٥﴾
Ту, ҳатман, бимдиҳандаи касоне ҳастӣ, ки аз он метарсанд (45)
Tafseer:
كَأَنَّهُمۡ یَوۡمَ یَرَوۡنَهَا لَمۡ یَلۡبَثُوۤاْ إِلَّا عَشِیَّةً أَوۡ ضُحَىٰهَا ﴿٤٦﴾
Рӯзе, ки [кофирон қиёматро] бубинанд, [чунин эҳсос мекунанд, ки] гӯӣ [дар дунё] ҷуз як шомгоҳ ё бомдод ба сар набурдаанд (46)
Tafseer: