Surah Сураи Шамс (Офтоб) - Ash-Shams

Surah Сураи Шамс (Офтоб) - Ash-Shams

Tajik Тоҷикӣ Translation15 Aya count
This page contains the Arabic text, audio recitation, and Tajik Тоҷикӣ translation of Surah Сураи Шамс (Офтоб) - Ash-Shams.
وَٱلشَّمۡسِ وَضُحَىٰهَا ﴿١﴾
Савганд ба хуршед ва равшании он [ба ҳангоми бомдод](1)
Tafseer:
وَٱلۡقَمَرِ إِذَا تَلَىٰهَا ﴿٢﴾
Ва савганд ба моҳ, ҳангоме ки баъд аз он барояд(2)
Tafseer:
وَٱلنَّهَارِ إِذَا جَلَّىٰهَا ﴿٣﴾
Ва савганд ба рӯз, ҳангоме ки он [хуршед]-ро равшан [ва ҷилвагар] кунад(3)
Tafseer:
وَٱلَّیۡلِ إِذَا یَغۡشَىٰهَا ﴿٤﴾
Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки онро бипӯшонад(4)
Tafseer:
وَٱلسَّمَاۤءِ وَمَا بَنَىٰهَا ﴿٥﴾
Ва савганд ба осмон ва ба он ки онро бино кард(5)
Tafseer:
وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا طَحَىٰهَا ﴿٦﴾
Ва савганд ба замин ва ба он ки онро густуронид(6)
Tafseer:
وَنَفۡسࣲ وَمَا سَوَّىٰهَا ﴿٧﴾
Ва савганд ба ҷон [-и инсон] ва он ки онро [офарид ва] наку гардонид(7)
Tafseer:
فَأَلۡهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقۡوَىٰهَا ﴿٨﴾
Сипас нофармонӣ ва парҳезгориашро [ба ӯ] илҳом кард(8)
Tafseer:
قَدۡ أَفۡلَحَ مَن زَكَّىٰهَا ﴿٩﴾
Бе тардид, ҳар ки нафси худро [аз гуноҳон] пок кард, растагор шуд(9)
Tafseer:
وَقَدۡ خَابَ مَن دَسَّىٰهَا ﴿١٠﴾
Ва ҳар ки онро [бо гуноҳ] олуда сохт, яқинан, зиёнкор шуд(10)
Tafseer:
كَذَّبَتۡ ثَمُودُ بِطَغۡوَىٰهَاۤ ﴿١١﴾
[Қавми] Самуд аз рӯйи саркашӣ [паёмбарашонро] такзиб карданд(11)
Tafseer:
إِذِ ٱنۢبَعَثَ أَشۡقَىٰهَا ﴿١٢﴾
Он гоҳ ки бадкортарини эшон [барои иқдом ба ҷиноят] бархост(12)
Tafseer:
فَقَالَ لَهُمۡ رَسُولُ ٱللَّهِ نَاقَةَ ٱللَّهِ وَسُقۡیَـٰهَا ﴿١٣﴾
Пас, паёмбари Аллоҳ таоло [Солеҳ] ба онон гуфт: «Модашутури Аллоҳ таоло ва [навбати] обхӯрданашро [ҳурмат ниҳед]»(13)
Tafseer:
فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمۡدَمَ عَلَیۡهِمۡ رَبُّهُم بِذَنۢبِهِمۡ فَسَوَّىٰهَا ﴿١٤﴾
[Вале онон] ӯро такзиб карданд ва он [модашутур]-ро куштанд; пас, Парвардигорашон ба сабаби гуноҳонашон бар сарашон азоб овард ва ҳамагии ононро бо хок яксон кард(14)
Tafseer:
وَلَا یَخَافُ عُقۡبَـٰهَا ﴿١٥﴾
Ва [Аллоҳ таоло] аз саранҷоми он [кор] бим надорад(15)
Tafseer:

تسجيل الدخول / إنشاء حساب

أدخل بريدك الإلكتروني ليصلك رمز الدخول السريع (بدون كلمة مرور)